12800 СОМОНӢ ҶАРИМА БАРОИ МАНЪИ ФАРЗАНД

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ доир ба масъалаи беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар миёни ҷавонону наврасон ва дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣ ба камол расонидани насли наврасу ҷавон изҳори андеша менамоянд. Ҳамчунин, таъкид медоранд, ки падару модар ҳамеша ҳуқуқу манфиатҳои фарзандро ҳимоя намуда, шаклу усули таълим ва муассисаи таълимии ба фарзандашон мувофиқро интихоб намоянд. Дар рафти таълим мунтазам бо муассисаи интихобкардаашон дар робита бошанд, сатҳу сифат, рафти таълим ва донишандӯзии фарзандашонро доимо зери назорат гиранд.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз баъзе волидон нисбат ба ҳаёту ояндаи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо монеъ мешаванд.

 Тавре, Абдуҳаким Холиқзода, судяи суди ноҳияи Рашт, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, чанде пеш суди ноҳия шаҳрванд Н-ро бо моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум кард.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрванд Н барои таҳсили духтари ноболиғаш Т, ки бояд дар синфи 7 таҳсил намояд, дидаю дониста монеа шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ва писарон то синфи 9-ум ҳатмӣ мебошад.

Раводиди моддаи 164-и ҳамин кодекс ҷазоҳои алтернативии ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодиро дар ин самт пешбинӣ кардааст.

Мувофиқи талаботи моддаи 61-и он ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазои судшаванда бори аввал содир намудани ҷиноят ва аз кардааш сидқан пушаймон шудани ӯ мебошад. Инчунин, оиладор ва соҳиби шаш фарзанд, ягона таъмингари оила будан ва хислатномаи мусбӣ доштанаш ба инобат гирифта шуда, мувофиқи талаботи моддаи 62 ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо дар кирдори судшаванда набудааст.

Бо назардошти ҳолатҳои дар боло зикршуда суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшаванда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба назар гирифта, ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда бо моддаи 63-и Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои  ҷаримаро аз ҳадди  поёнии он, ки  дар моддаи 164 муқаррар гардидааст, таъин намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 310, 332-335, 338, 339, 341-344, 347, 348, 350-и Кодекси маъмурии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд нисбати ӯ чунин ҳукм кард:

Ба шаҳрвад Н дар содир намудани ҷиноят ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 (ду сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12 800 (дувоздаҳ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ҷарима таъин карда шавад.

Дар ноҳия бори аввал нест, ки шоҳиди чунин қонуншиканиҳо аз тарафи баъзе волидон мегардем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба таҳсили фарзандони хеш монеа нашавем ва баръакс фарзандони худро дастгирӣ намоем, то онҳо соҳибилму соҳибкасб шаванду дар оянда номбардори давлату миллат ва падару модари хеш бошанд.