13600 СОМОНӢ ҶАРИМА БАРОИ ЛАТУ КӮБИ ФАРЗАНД
Фарзанд бузургтарин неъмат аст. Он меваи умри инсон аст. Бо меҳрубонӣ муносибат кардану дар муҳити орому осуда тарбия кардани фарзандон вазифаи ҳар як падару модар аст. Гузаштагони бузурги мо дар ин хусус китобҳои муътаммаде офаридаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар кишварамон ба ҳамин хотир рӯйи кор омадааст, вале…
Вале дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам ҳастанд волидоне, ки на танҳо дар ҷодаи тарбияи фарзандон беэътиноӣ зоҳир мекунанд, балки ба онҳо муносибати дурушт ва ғайри ахлоқӣ зоҳир намуда, вазифаҳои дахлдори падарии худро иҷро намекунанд.
Тавре Холиқзода Абдуҳаким Абдуваҳоб, судияи суди ноҳияи Рашт, зимини суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, суди ноҳияи Рашт чанде пеш сокини ноҳияи Рашт Д. Х.-ро бинобар сабаби муносибати дағалона кардан бо фарзандонаш дар маҷлиси ошкорои судӣ маҳкум кард.
Ба гуфтаи ӯ шаҳрванд Д. Х. чор фарзанди ноболиғи худро бо баҳонаи аз манзили истиқоматиаш гум шудани маблағҳояш суханони қабеҳ гуфта, мавриди лату кӯб қарор додааст. Дар он вақт ин фарзандони ноболиғ бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз муносибати бераҳмонаи падарашон аз хонаи истиқоматиашон гурехта, ба хонаи хешовандонашон ба дигар деҳа рафтанд.
Санадҳои ташхиси судии тиббӣ дар суд гувоҳ бар он буданд, ки кӯдакони мавсуф аз лату кӯби падарашон ҷароҳатҳои ҷисмонии сабук бардошта, бар асоси он харобшавии саломатиашон ба муҳлати то 21 рӯз мебошад.
Судшаванда дар мурофиаи судӣ ба суд дар бораи гузаронидани мурофиа бо тартиби содакардашуда дархост пешниҳод кард. Дар дархосташ дарҷ гардида буд, ки ӯ худро дар ин масъала пурра гунаҳкор мешуморад ва ва худиқрории ӯ маҷбурӣ нест.
Айдоркунандаи давлатӣ низ тарафдори қонеъ гардонидани дархости судшаванда шуд.
Шаҳрванд Д.Х. дар толори судӣ аз кирдори содиркардаи худ изҳори пушаймонӣ карда, оиладор, соҳиби 14 фарзанд ва ягона таъмингари оилаи худ будан, дар айни ҳол ҷойи кор надоштан ва ба муҳлати 7 шабонарӯз дар ҳабси пешакӣ қарор доштанашро қайд карда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ӯ ҳолатҳои сабуккунадаи ҷазо пешбинӣ карда шаванд.
Санадҳои пешниҳодшуда низ гуфтаҳои ӯро дар ин росто тасдиқ намуданд.
Дар ниҳоят, суди ноҳия дар асоси гуфтаҳои боло шаҳрванд Д. Х.-ро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 174, Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 13600 сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаолияти муайяни ҷавобгарии молу мулкӣ ва моддидошта таъин кард.
Мувофиқи талаботи моддаи 70 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дар ҳабси пешакӣ будани маҳкумшуда ба муҳлати 7 рӯз ба инобат гирифта шуда, аз ҷаримаи таъиншуда 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 2040 сомонӣ кам карда шуда, ҷазои ниҳоии ба ӯ ба андозаи 11560 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин гардид.
Чораи пешгирӣ нисбати ӯ дар ҳабси пешакӣ будан бекор карда шуда, аз толори маҷлисгоҳи судӣ озод карда шуд…
Падар чӣ гуна фарзанд намуна, гуфтаанд гузаштагони мо. Фарзандон ҳамеша ба хулқу атвори волидонашон тақлид мекунанд. Вақте муҳити оила солим бошаду падару модарон ахлоқи хуб дошта бо фарзандон муносибати нек кунанд, фарзандон тарбияи хуб ёфта, дар оянда солиму солиҳ ба воя мерасанду ояндагони худро дар ҳамин ҷода тарбия мекунанд, вагарна вой бар ҳоли он оилаву ҷомеа.