НАШЪАМАНДӢ. СУД ЯК НАФАРРО ДУ БОР МАҲКУМ КАРД
Шахсони нашъаманд манфиатҳои оилаву ҷомеа ва давлатро канор гузошта, арзиши бузурги зиндагӣ, яъне сармояи инсониро зери пой мекунанд. Бояд зикр кард, ки гирифторони бемории нашъамандӣ ба ояндаи хеш бовар надоранд ва ҳамаи саъю талошҳои хешро танҳо баҳри дарёфти чунин маводҳои зараррасон равона менамоянд.
Тавре, Абдуҳаким Холиқзода судияи суди ноҳияи Рашт, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, чанде пеш суди ноҳия шаҳрванд Н. С-ро бо моддаи 200, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон маҳкум кард.
Ба гуфтаи ӯ мавсуф қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Рашт аз 2 августи соли 2018 дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 177, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди бо корҳои ислоҳӣ бо муҳлати як солу ду моҳу понздаҳ рӯз дар ҷои истиқоматиаш бо нигоҳ доштани 20 фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат маҳкум шуда, бо татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “авф” таҳти № 1648 аз 25 октябри соли 2019 аз адои ҷазо озод карда шуд. Аммо шаҳрванд Н. С баъди авф шуданаш ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, дар чунин ҳолат даст ба содир намудани ҷиноят қасдан задааст, — гуфт А. Холиқзода ва афзуд, ки ӯ бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаи нашъадор ба миқдори 40,5399 гармм 11 январи соли 2022 ба бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе рафта, аз як шахси ба тафтишот номаълум ба маблағи 500 сомонӣ воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш”-ро харидорӣ намуда, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, онро бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, тавассути мошинҳои мусофиркаш аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Рашт интиқол дода, дар манзили истиқоматиаш нигоҳ доштааст.
Худи ҳамон рӯз, ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ- тафтишотӣ ӯ аз ҷониби кормандони РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт, зимни аз воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш” омода намудани бастачаҳои қоғазин (шипонка) дастгир карда шуд.
Ҳамин тавр, судшаванда Н. С дар маҷлиси судӣ худашро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор ҳисобида, чунин нишондод додааст, ки баъди хатми мактаби миёна дигар таҳсилашро давом надода, бо шаҳрванд И. Д оила барпо намуда, аз зиндагии якҷоя соҳиби 4 фарзанд гашта, соли 2012 бо сабабҳои нофаҳмӣ дар оила, ӯ аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Тахминан аз соли 2000 то инҷониб ӯ ба истеъмоли воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш” тавассути сигор машғул будааст.
Суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда, шахсияти судшаванда, инчунин ҳамаи ҳолатҳои болоӣ ва қобили таваҷҷуҳро ба эътибор гирифта, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду солу шаш моҳ бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ таъин кард…
Албатта, ин амали номатлуб дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд. Номуроде, ки аз пайи нашъамандист, рӯзе қурбони кӯчаи ишрат ва айши нопок гашта, рӯ ба нестӣ меорад ва пайвандони хешро шармсор мегардонад