НИШОНАИ ОЛИИ ВАТАНДӮСТӢ

Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯзҳои аввали оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми халқҳои итиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон якдилона бо ҳимояи Ватан бархостанд.

Рӯзи Ғалаба ин иди Ғалаба аз болои миллатгароён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад. Рӯзи 9-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди расмии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад.

Иди Ғалаба идест, ки ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи бисёр кишварҳои ҷаҳон ва умуман башарият ҳамасола пуршукӯҳ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз эҳтирому пос доштани хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарзи ҷонӣ ва муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Мардуми шарафманди тоҷик ҳамасола иди Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди истилогарони фашизм ботантана ва бо шукӯҳи хосса ҷашн мегиранд. Агар замони ҷанг аскарону афсарон бо тиру туфанг мубориза бурда бошанд, зиёиёни тоҷик қабл аз ҳама, шоирону нависандагон дар ақибгоҳ бо қалам ва сухан ба муқобили душман муборизаи беамон мебурданд. Муҳити ҳамон айём адибонро водор сохт, ки воқеаву ҳодисаҳои замони ҷангро мувофиқи ғояҳои олии инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ ва ахлоқи баланди инсонӣ инъикос намоянд.

Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман, дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ даҳҳо нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихори Ватан — Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ,  дараҷаи ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардонда  шудаанд.

Имрӯз дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 78-умин солгарди Рӯзи Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, саҳми тамоми тоҷикистониён дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дар ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ беназир аст. Хотираи неки қаҳрамонии тоҷикистониён дар қалби насли муосир абадӣ хоҳад монд.

Барои тарбияи насли навраси Тоҷикистон донистани таърихи ин иди бузург ниҳоят муҳим аст.

Рӯзи Ғалаба натанҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавонони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Рӯзи Ғалаба сабақи бузургест барои ҷавонону наврасони имрӯзаи мо. Мояи ифтихори мост, ки паҳлӯ ба паҳлӯи намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар фиристодагони халқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ дар таъмин намудани Ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд.

Вобаста ба шароит ва вазъияти иҷтимоӣ, ҳар насл дар назди таърих бо кору рафтор ва фаъолияти худ нақш мегузорад. Насли гузаштаи мо, алалхусус собиқадорони ҷангу меҳнат бунёдгузорони мактаби бузурги одамият буда, бо масъулияти маънавию ахлоқӣ ва ҷонфидоиҳои худ баҳри Ватан барои ҷавонон намунаи ибрат мебошанд. Хизматҳои шарафмандонаву корнамоиҳои таърихии онҳо ҳаргиз аз ёдҳо нахоҳад рафт ва анъанаҳои қаҳрамониву фидокориҳояшон аз насл ба насл идома хоҳанд ёфт.

 

ХОЛИҚЗОДА АБДУҲАКИМ АБДУЛВАҲОБ,

судияи суди ноҳияи Рашт