АЗ ЗАКОВАТИ АЗАЛӢ ТО РИОЯИ ҚОНУНҲО

АЗ ЗАКОВАТИ АЗАЛӢ ТО РИОЯИ ҚОНУНҲО

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон, риояи қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Аз ин ҷост, ки волоияти қонун аз тарафи мардуми фарҳангсолори кишвар пайваста таъмин гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз ба яке аз кишварҳои амнтарини сайёра мубаддал гардид.

Баротзода Ҳусейн Наҷот, раиси суди ноҳияи Рашт, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро дар ин маврид чунин изҳор дошт:

Халқи тоҷик аз қадимулайём бо фарҳанги хоса ва маърифати баланд соҳибтамаддуну намунаи ибрати аҳли башар буд ва алъон ҳам ҳаст.

Заковати азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки Тоҷикистони азизи мо, ки нав ба истиқлоли давлатӣ расида буд ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар соҳаташ доман паҳн кард, дар муддати кӯтоҳе ба як кишвари амну ором мубаддал гардиду таҷрибаи сулҳофариаш мавриди омӯзиши сиёсатмадорони ҷаҳон шуд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯйи кор омадани қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҳисси худшиносии мардум мусоидат намуда, мояи таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ гардид.

Шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Рашт моҳияти ин қонунҳоро ба хубӣ дарк карда, талаботи онҳоро пайваста таъмин менамоянд. Вале чуноне ки мегӯянд “гулистон бехор нест”, ҳанӯз ҳам афроде ҳастанд, ки аз надонистани муҳтавои қонунҳо ва беэътиноӣ зоҳир намудан ба риоя накардани меъёрҳои онҳо даст мезананд.

Аз ҷумла, чунин қонуншиканиҳоро дар вақти баргузории тӯю маъракаҳо ва маросимҳои динӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Рафти баррасии парвандаҳои дар ин бобат ба суд ирсолшуда нишон медиҳанд, ки бархе аз шаҳрвандон қабл аз баргузории маъракаҳояшон аз қайди комиссияҳои ҷамъиятии назди мақомоти худидоракунии шаҳрак ё деҳот намегузаранд ва ё аз меъёри муқарраршуда теъдоди иштирокчиёнро зиёдтар даъват мекунанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имсол бо чунин сабабҳо оид ба вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар пешбурди суд 6 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ гардида, нисбати 6 нафар шаҳрвандон ҷазои маъмурӣ таъин карда шуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки роҳандозии қонун баҳри худдорӣ аз исроф ва таъмини зиндагии шоистаю дастархони пурнозу неъмати мо мардуми тоҷик равона гардидааст. Пас, чаро бархе чунин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакатро нодида гирифта, ба буҷаи оилаи худ зарар мерасонанд?

Доир ба риояи қонуни дигари миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ҳанӯз ҳам бемасъулиятии волидон ба назар мерасад. Зеро дар пешбурди судӣ дар соли ҷорӣ 160 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд баррасӣ гардида, нисбати 160 нафар ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ карда шудааст. Таҷрибаи амалияи судӣ нишон медиҳад, ки нисбати солҳои пешин ин гуна парвандаҳо зиёд гаштааст. Муҳоҷирати меҳнатӣ, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон равнақ дорад ва кишвари мо аз он истисно нест, ба тарбия ва назорати доимии насли наврас таъсири манфии худро хоҳу нохоҳ мерасонад. Бархе аз падарон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, тарбияи фарзандон муддате танҳо ба ихтиёри модаронашон меафтад ва бо сабаби беэътиноии модарон фарзандон, бештар писарон аз донишомӯзии пайваста канораҷӯӣ карда, ба кирдорҳои зидди ҳуқуқӣ, аз қабили оворагардӣ, ва дарсгурезию майдадуздӣ даст мезананд. Ман дар яке аз мақолаҳои худ соле қабл гуфта будам, ки тарбияи фарзандон танҳо ба души мактабу омӯзгор нест, балки он вазифаи волидон ва тамоми аҳли ҷомеа аст.

Чунин бепарвоӣ ба тарбияи фарзандон оқибатҳои нохуш дар пай дорад. Аз ин гуна амалҳо кӯдакон оҳиста-оҳиста бузург шуда, ба роҳҳои бад мераванд. Амалҳои террористию экстремистӣ низ аз ҳамин сабабҳо маншаъ мегиранд. Хатаре, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, маҳз ҳамин мебошад. Тоҷикистони мо ҳам аз хатари ин вабои даҳшатафкан дар канор буда наметавонад. Бинобар ин, мо ҳамаи мардуми кишварро зарур аст, ки дар баробари кормандони моқомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза ба муқобили ҳама гуна гурӯҳҳои ифротгаро сарҷамъ бошем ва муборизаи беамон барем.

  • Таълимоти ғайрирасмии динӣ низ сабаби гароидани ҷавонон ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо мегарданд, — гуфт раиси суди ноҳия ва афзуд, ки аз тарафи кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ имсол нисбати 8 нафар таълимдиҳандагони раванди мазкур ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.

Ҳамзамон таҷрибаҳои судӣ оид ба баррасии парвандаҳои маъмурӣ  вобаста ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон мошинҳои шахсии худро дар роҳҳои автомобилгард бо суръати баланд меронанд ва ҷони худу дигаронро дар хатар мегузоранд. Ин масъала аз тарафи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ пайваста назорат бурда мешавад…

  • Тавре болотар гуфтем, халқи тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи Рашт мардуми бофарҳангу соҳибмаърифатанд ва қонунҳои амалкунандаро риоя мекунанду дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ гардида, дастуру ҳидоятҳои ӯро сармашқи зиндагиашон қарор медиҳанд. Бовар дорам, ки мардум ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри боз ҳам ободу зебо ва шукуфотар гаштани кишвари азизамон саъю талош меварзанд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Баротзода Ҳусейн Наҷот.