БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ

Бо ташаббуси Суди Олӣ рӯзи 16 ноябри соли 2023 бо иштироки кормандони дастгоҳҳои судҳо – шахсони мутасаддии кор бо сомонаҳои судҳои шаҳри Роғун, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор ва Лахш тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳаи иттилоотиву коммуникатсионӣ ба ширкаткунандагон пешбурди кори сомонаҳо, хусусиятҳои техникии фаъолияти сомона тарзи пешбурди кори сомонаҳо, ворид ва ё тағйир додани маълумоти сомонаҳо омӯзонида шудаанд.