ҶАШНИ МИЛЛӢ ВА МЕРОСИ ТАЪРИХӢ

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёгони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад.

Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии кишту кор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд. Дар ин ибора донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ “Осорулбоқия” бо истинод ба Алӣ бинни Яҳё меоварад: “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”. Дар асари дигараш “Ал-тафҳим” менигорад: “Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст”. Берунӣ ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз сухан мегӯяд ва дар осораш шинохти рамзу рози ойинҳо, маросимҳои гуногун аз амалинамоии суннатҳои дерина дар рӯзгори худро низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Дар баъзе асарҳои кӯҳан, аз ҷумла “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ва “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ҳамин маъниро дарёфтан мумкин аст.

Наврӯз ягона ҷашни миллии мост, ки тайи ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашамату азамати хешро нигоҳ дошта меояд. Ин ҷашни ниёгонамонро аҷнабиён ҳатто натавонистанд дар давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу қатлу ғорати ориёнтаборон аз байн бибаранд. Наврӯзро мардуми ориёӣ тайи ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи нав ва соли нав таҷлил мекарданд. Бо ҳама фишору таҳдидҳо аз таҷлили ин ҷашни зебо даст накашидаанд. Бо сахтгириҳо тоҷикон ба ҳар навъе онро аз нобудӣ нигоҳ дошта, дигарбора эҳё намуданд.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маъмул гардидааст, ки асосгузори Наврӯз Ҷамшед мебошад. Олимону шоирон, аз ҷумла Хайём, Берунӣ, Наршахӣ, Гардезӣ низ ин нуктаро дастгирӣ менамояд. Наврӯз дар қисматҳои гуногуни Тоҷикистон бо хусусиятҳои хосаш ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мардум гузаштагонро ёд мекунанд, ба сари қабри онҳо мераванд. Барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашн шаҳрвандони Тоҷикистон тайёрӣ мебинанд. Пеш аз ҳама хонаҳои худро тоза мекунанд, деворҳоро сафед менамоянд, гандум ё ҷавро дар зарфе месабзонанд ва аз он суманак мепазанд.

Дар вақти пӯхтани суманак асосан занону духтарон бо кафгири калон дегро то саҳар мекобанд, дар гирди дег сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд. Бештар дубайтиҳо, рубоиҳои ишқӣ, баҳорӣ ва наврӯзӣ суруда мешавад. Дар баробари тоза кардани хонаю ҳавлӣ мардум дастархони идона ороста, дар рӯйи он нозу неъмати зиёд мегузоранд. Дар рӯйи дастархон дар тақсимчаҳо ва табақҳо ҳафтшину ҳафтсин мегузоранд.

Дар рӯзҳои Наврӯз ҳунарҳои гуногунро мардум нишон медиҳанд, аз ҷумла масхарабозӣ, дорбозӣ, гуштингирӣ, дойразанӣ, кабкҷанг, тухмбозӣ ва монанди инҳо, ки тамошобинон аз он лаззат мебаранд.

Дар айёми Наврӯз ҳама хурсандӣ мекунанд, духтаракон аз навдаҳои бед кокул мебофанд ва суруд мехонанд. Ҳамсояҳо ба хонаи ҳамдигар медароянд, барои дидорбинӣ ва беморбинӣ, дастгирӣ намудани пиронсолон фарзандон ва хешу таборон ба назди онҳо мераванд. Дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон дар иди Наврӯз бузкашӣ низ гузаронида мешавад, ки барои тамошои он аз ноҳияҳои гуногун мардум ҷамъ меоянд.

Дар ҷашни Наврӯз мардум либосҳои нави ранга мепӯшанд, вале як қисми онҳо ба либоси рангаш сафед аҳамият медиҳанд, зеро дар гузашта ин рангро рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кӯшоиши кор мешумурданд.

Дар натиҷаи соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарзамини бостонии мо ҷашну маросимҳои қадимаамон эҳё гардида, бо шарофати онҳо дӯстию рафоқати байни шаҳрвандон торафт мустаҳкам мегардад. Дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Бузургдошти Наврӯз, умуман, бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст”.

Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷику форс ва дигар халқҳои ҷаҳон буда, аз замонҳои қадим ҳамчун санаи бунёдкорӣ, дӯстию бародарӣ қайд карда мешавад.

Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолию соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз умри дубора дида, бо ҳама шукӯҳу тантана хосса ҷашн гирифта мешавад.

Раиси суди ноҳияи Рашт: Баротзода Ҳ.Н