ҶАВОНОНРО БОЯД БА АДОИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДА НАМУД!

Тибқи талаботи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Мутобиқи талаботи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрванди ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайд буда ё шаҳрванде, ки ӯҳдадор аст дар қайди ҳарбӣ бошад ва барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, бояд ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда шавад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ду маротиба дар як сол- аз санаи 01 апрел то 31 май ва аз 01 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар воситаҳои ахбори умум як моҳи пеш аз даъват чоп мешавад, анҷом дода мешавад. Дар ин давраҳо ташвиши кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак дучанд мешавад. Зеро нақшаи сафарбариро бояд таъмин намоянд. Вале аксари ҷавонони синни даъватӣ ба хизмат рафтан намехоҳанд ва ҳар гуна сабабу баҳонаҳоро пеш меоранд, қисми дигараш бошад, дар ин айём роҳи муҳоҷиратро пеш гирифта, то гузаштани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ роҳ мепоянд.

Ҳарчанд дар байни онҳо нафароне ҳастанд, ки бо амри дил ҳангоми даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран ариза навишта ба комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳозир мешаванд. Барои ин, ҷавононро бояд ҳангоми таҳсил дар мактабҳои миёна ба хизмати ҳарбӣ омода намуд. Зеро нақши Муассисаҳои таҳсилотҳои миёнаи умумӣ дар тайёр намудани муҳофизони ояндаи Ватан бағоят калон аст.

Чун ба солҳои пешин замони шӯравӣ назар афканем, дар он солҳо дар синфхонаи ҳарбӣ навбатдор дар назди ҷевончаи хурди навбатдорӣ истода, ба омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ гузориш медод. Дар ҳар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ майдончаҳои ҳарбӣ буду он ҷо барои сафороӣ, посбонӣ ҷойи муайян ҷудо мешуд. Ҷои махсуси тирандозӣ муҷаҳҳаз гардида, чораҳои бехатарӣ андешида мешуданд. Дар ихтиёри муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ чанд адад автомати Калашников (АКМ) ва милтиқи кӯтоҳмил (ТОЗ-8) буд, ки хонандагон бевосита бо онҳо шинос шуда, ба қисмҳо ҷудо мекарданд ва боз ҷо ба ҷо менамуданд. Бевосита дар машқгоҳҳо тир кушода, ҳунари тирандозии худро такмил медоданд. Дар мактабҳо гӯшаи махсусе мавҷуд буд, ки дар он ҷо расмҳои сарбозони дар хизмат буда, ифтихорнома ва номаҳои миннатдории ба унвони падару модарон ирсолшудаи командирони қисмҳои ҳарбӣ овехта мешуданд. Баъди хатми мактаб дар лагери ҳарбии 7-рӯза аз курси махсус хонандагон мегузаштанд. Дар он ҷо, дар хаймаҳо зиндагӣ карда, бо се вақт хӯрок таъмин буданд ва каме ҳам бошад, як дараҷа бо ҳаёти сарбозӣ шинос мешуданд. Баъди воқеаҳои маълум силоҳоро аз мактабҳо ҷамъ карданд. Хонандагон имрӯз онҳоро танҳо дар расм ё оинаи нилгун ҳангоми барномаҳои «Артиш» ва ё «Сарбози Ватан» мебинанд. Дар он солҳо, рӯзҳои 23 феврал ва 9 май дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле хотирмон ҷашн гирифта мешуд. Ҳафтаи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, баргузории мусобиқаҳои гуногун, вохӯрӣ бо иштирокчиёни ҶБВ, афсарон ва сарбозони нав аз хизмат омада ба ҳукми анъана даромада буд.

Ҳоло ин чизҳо қариб, ки ягонтояш ба ҷо оварда намешаванд. Шояд ҳамин барномаҳои таълимӣ буданд, ки шаҳрвандон барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан талошҳо мекарданд ва даъватшавандае, ки бо сабабҳои гуногун ба хизмат даъват карда намешуд, ӯ аз ин андӯҳгин мегашт.

Айни замон дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ ба ӯҳдаи ғайримутахассисон гузошта шудааст. Айни ҳол барои омӯзгори ин фан дастуру китобча, асбобу воситаҳои аёнӣ, нусхаҳои аслиҳаҳои ҷангӣ, қисмҳои алоҳидаи силоҳҳои оташфишон, овезаю расмҳои марбут ба мавзӯъҳои фанни ОДҲ намерасад. Хонандагон ҳангоми дарс бояд дар хусуси силоҳҳои ҷангӣ, навъ ва ҷузъу қисмҳои онҳо, тарзи истифодабарӣ ва техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодабарии онҳо маълумот пайдо кунанд. Барои омӯзгорони ин фан майдончаҳои сафороӣ, дастурҳо, овезаҳо, расмҳо вобаста ба қадамзанию сафронии сарбозон, ба тарафҳои чапу рост тоб хӯрда салом додан чун обу ҳаво зарур аст, то ин ки машғулиятҳо шавқовар ва пурмазмун гузаранд. Шиору овеза, суратҳои мошинҳои ҷангӣ (танк, БТР, БМП), навъҳои гуногуни яроқҳо, харитаҳои ҳарбӣ бояд ҳуҷраи фанни ОДҲ-ро зеб диҳанд. Ҳамчунин нусхаҳои машқии яроқу силоҳ, норинҷак, мина, противогаз, респиратор, асбобҳои ченкунии радиатсионӣ, бояд барои хонандагон муҳайё ва дастрас бошанд. Воситаҳои оддии техникию озмоишӣ (қутбнамо, харитаҳои топографӣ ва ҷойгиршавии аҳолӣ ва дигар намуди харитаҳо) барои шавқовар ва самарабахш гузаштани мавзӯъҳо ёрии калон мерасонанд. Ғайр аз ин бояд Дастуру оинномаҳои ҳарбӣ бояд бо забони соддаву фаҳмо ба миқдори зиёд чоп шаванду дастраси ҳама муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонида шаванд. Шӯъбаҳои маориф, Комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, қисмҳои низомие, ки ба мактабҳои миёна наздиканд, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ташкилоти Мададгори Мудофиа ва дигар ташкилотҳои дахлдор бояд якҷоя тамоми шароитҳои заруриро дар мактабҳо муҳайё созанд, ба сифати дарсҳои ОДҲ бештар диққат диҳанд. Машғулиятҳоро бояд мутахассисони дар ҳақиқат касбӣ аз ҳисоби афсарони эҳтиётӣ ва хатмкардаҳои кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ гузаронанд, мактаббачагон бисёртар ба қисмҳои ҳарбии наздиктар бурда шуда, ба шарту шароити адои хизмат ошно карда шаванд, ки онҳо фаҳманд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шараф аст. Он гоҳ масъалаи ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонон роҳи ҳалли худро меёбад.

Салимзода М.Д.

Раиси суди ноҳияи Сангвор