БЕСАВОДӢ БАДБАХТӢ МЕОРАД

Таҳкими оила, дар таълиму тарбияи насл наврас яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа ва пешравии давлат маҳсуб меёбад. Масъалаи ҷалби насли наврас ба мактаб масъалаи мубрами рӯз ва хеле муҳим аст. Бояд падару модар ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои босавод гардондани фарзандон тамоми имконоти мавҷударо истифода баранд. Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала ҳар фардеро ба андеша водор менамояд ва масъулияти шаҳрвандонро бештар мегардонад. Чунончӣ:

“Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагӣ дорад, зеро бесаводӣ ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад ва боиси ақибмонии ҷомеа мегардад.”

Ҷои таассуф аст, ки баъзе волидон ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Дар сурате, ки давлат барои насли наврас тамоми шароитро фароҳам овардааст, баъзе волидон ба қонунҳои амалкунандаи кишвар итоат намекунанд. Бунёди ҷамъияти солим пеш аз ҳама ба оилаи солим вобаста аст. Масъулияти падару модарро барои тарбияи фарзанд қонун ба таври мушаххас пешбинӣ намудааст, ки ҳадаф аз он ҷалби фарзандон ба муассисаҳои таълимӣ ва дурӣ аз ҳар гуна амали ношоиста мебошад. Таълиму тарбияи фарзанд дар ҳамкории зичи оила, мактаб ва ҷомеа сурат мегирад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидонро вазифадор мекунад, ки ба рафтору кирдори фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир нанамоянд, зеро тарбия аз оила оғоз мегирад.

Чанде пеш бо ҳукми судяи суди ноҳияи Рашт Холиқзода Абдуҳаким Абдулваҳоб бо парвандаи ҷиноятии Қ. Муллоева шинос шудам. Мавсуф хилофи талаботи моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал намуда, барои гирифтани таҳсилоти умумии асосии фарзандаш С. Мухторов беаҳамиятӣ зоҳир намуда, дар натиҷа  вай аз моҳи сентябри соли гузашта то моҳи январи соли равон аз таҳсил дур монда, ба кӯчагардию корҳои беҳуда машғул шудааст. Баъди дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқ хонандаи мазкур ба таҳсил фаро гирифта шуд.

Дар мурофиаи судӣ айбдоршаванда дар содир кардани ҷиноят гуноҳашро пурра ба зимма гирифта, аз ин амали ноҷои худ изҳори пушаймонӣ кард.

Дар натиҷа, бо ҳукми суди ноҳия  Қ. Муллоева дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 164-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ мувофиқи ин модда ва бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 10800 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Лозим ба тазккур аст, ки ин ҷо маҳз нишонаи бесаводӣ ва надонистани маърифати ҳуқуқии айбдоршаванда боиси гумроҳ гардидани худу фарзандаш гардидааст.

Қ. Муллоева шояд ҳеҷ гумон накардааст, ки саҳлангорӣ дар тарбияи фарзанд сабаби ба роҳи бад рафтани фарзанд мегардад. Дар натиҷа ё ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ё шомил мегардад ва ё ба дуздию ғоратгарӣ ва мардумозорӣ даст мезанад. Падару модар ҳам дар назди қонун ҷавобгар мешаванду ҳам дар назди ёру дӯстон ва хешу табор сархаму хиҷолатманд.

Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки пеш аз ҳама аз рӯзҳои ба дунё омадани атфол ба тарбияи онҳо ва баъди калонтар шуданашон барои соҳибсавод гардидани онҳо талош намоянд.