Ифтитоҳи манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Рашт
22.09.2021 09:30, ноҳияи Рашт
Иншооти нав дорои шароити муосир барои зиндагӣ буда, дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои хизматчиёни давлатӣ сохта шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супорида, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуданд.
Нафароне, ки соҳиби хона шуданд, бо фараҳу хушҳолӣ ба Роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 16 якҳуҷрагӣ, 30 дуҳуҷрагӣ ва 2 манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади дар ноҳияҳои дурдаст аз имкони мусоид барои зиндагӣ баҳравар намудани хизматчиёни давлатӣ сохта шудааст.
Зимни шиносои бо шароити манзилҳои истиқоматӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ёдовар шуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро вазифаи асосии ҳар як фарди хештаншинос арзёбӣ намуданд.
Дар асоси лоиҳа истиқоматкунандагон метавонанд аз шароити мусоид дар саҳни бино барои гашту гузор ва фароғат баҳравар шаванд.
Тибқи лоиҳа ва бо назардошти сохти меъмории замонавӣ корҳои сохтмонӣ босифат ба анҷом расонида шуд.
Соҳиби манзили истиқоматӣ шудани хизматчиёни давлатӣ ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони сохторҳои гуногун дар ноҳияи Рашт мебошад.
http://www.president.tj/node/26647
https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/51502477948/in/album-72157719895450402