Интихоби ман!
Таърих гувоҳ аст, ки бар асари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 15 ҷумҳурие, ки дар ҳайати он буданд, соҳибистиқлол гардида, ҳар яке аз ин кишварҳо бо эҳёи арзишҳои миллии худ тавонистанд, то дар алоҳидагӣ зимоми давлатдориро бар души хеш бигиранд. Дар ҳамин давраи ниҳоят муҳими таърихӣ, ки мебоист бо дарки арзишҳои миллӣ ва ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ Тоҷикистон ҳам, ки ба унвони соҳибистиқлоли мушарраф гардида буд, рушд мекард. Аммо ҳазорҳо афсӯс, ки бинобар падидаҳои номатлубе, ба монанди маҳалгароӣ, бетаҷрибагии сиёсии мансабдорони давр, расидан ба истиқлолияти комил мушкилиҳои зиёде ба бор овард, ки дар натиҷа ҷомеаи тоҷикон ба гирдоби ҷанги бемаънии ҳамватанӣ кашида шуд.
Ҳамзамон дасисаҳои манфиатҷӯёнаи душманони миллат оғоз гардида, мехостанд дар ин мавриди гирудори бемаънӣ теша ба решаи давлату миллати мо зананд. Дар ин рӯзҳои пурдаҳшату фаромӯшношуданӣ аз дасти хоинони миллат риштаи ҳаёти ҳазорҳо сокинони бегуноҳи мамлакат канда шуда, дар кишвар буҳрону хисороти иқтисодӣ низ доман паҳн карда, хавфи аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба миён омад.
Дар чунин рӯзи барои давлату миллати тоҷикон душвор ниёз ба як наҷотбахши бузург пеш омад. Баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд чунин имкониятро фароҳам овард ва ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон замина гузошта, халқи тоҷикро аз парешонию парокандагӣ раҳоӣ бахшид.
Дар ин Иҷлосия, ки барҳақ таърихиву сарнавиштсоз меномемаш, бо розигии парвардигору ҷонибдории вакилони мардумӣ ҷавонтарин вакил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдории ин кишвари ба гирдоби ҷанг кашидашудаву оғӯштаи хунро ба уҳда гирифт.
Роҳбари тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин Иҷлосияи наҷотбахш Парчами давлатиро бӯсида, қасам ёд карданд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гул-гул шукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам, ҷони худро нисор мекунам. Чун ки ман ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти халқи азияткашидаам боварӣ дорам.”
Ин марди хирадманд ба қасами худ устувор монда, тавонист кишвар ва мардуми онро аз чунин рӯзҳои бағоят душвор раҳонда, ба рӯзҳои пурсаодат расонад.
Имрӯз мардуми тоҷик туфайли заҳматҳою ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзгори тинҷу осуда ва шоду хуррамро соҳиб гардидаанд.
Пешвои муаззами миллат такя ба халқ ва дар хидмати мардум буданро рисолати аслии худ медонад.
Ин аст, ки халқ Пешвои худро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад.
Пешвои миллати тоҷик намоди хирадмандию ҳушёрист. Бо баракати хираду ҳушёрии ин Роҳбари оқил ҳеҷ нерӯи ғаразманди дохилию хориҷӣ наметавонад, ки ҷомеаи моро аз масири ҳадафҳои неки созандагию бунёдкорӣ ва ободонии Ватан берун созад ва фазои сулҳу оромиву амниятро дар кишвар халалдор намояд.
Халқ беҳуда ӯро Пешвои миллат ном набурдааст. Бояд гуфт, ки Пешво унвон, вазифа ва мансаб нест. Балки рисолат аст. Рисолатест, ки халқ бо таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои азалии фаровонаш дар ҷанбаҳои гуногун ба ӯ гузоштааст.
Дилбастагию муҳаббати ҳақиқӣ ба аслу решаи миллати хеш ва садоқат ба Модар-Ватан, хидмати холисона ба халқ, дӯст доштану меҳрубон будан ба дигарон, шитофтан ба ёрии кӯдакони ятиму бепарастор, ғамхории пайваста ба пиронсолону камбизоатон, натанҳо баёнгари рӯҳи меҳрубонии падарона, дилсӯзӣ ва омодагии ҳамешагии Пешвои миллат дар осон кардани мусибату мушкилот дар ҷомеа ҳастанд, балки барои такомули маънавии ҳар як фарди миллат намунаи ибратанд. Аз ин сабаб мардуми кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии худ, наҷотдиҳандаи давлату мамлакат меноманд ва ба ӯ меҳр меварзанд, дар ҳар маврид Пешвояш ном мебаранд.
Инак, сӣ сол аст, ки миллати тоҷик бо Пешвои миллати хеш дар роҳи шукӯҳмандӣ, созандагию офарандагӣ қадам мезанад. Заҳматҳои ин абармард бошад, дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.