НАҚШИ ҲУҚУҚ ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛИ ҶОМЕА
Рушд ва пешрафти ҷомеаро риояи қонуну қоидаҳо аз тарафи шаҳрвандон таъмин мекунад ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷуд будани низоми ҳатмии рафтори одамон муайян намудан ғайри имкон аст.
Баъди қабули Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарвар дар кишвар ба роҳ монда шуда, маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеа ба тадриҷ боло рафтан гирифт.
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул намуда, ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст.
Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад.
Муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд ва волоияти қонун ҳамчун нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа бояд дарк карда шавад. Ҳар қадар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза давлати мо ба пешрафту комёбиҳо муяссар мегардад. Осудагию амонӣ дар зиндагӣ ва амнияти давлатдорӣ дар ҷомеа ин риояи бечунучарои қонун мебошад. Донистани ҳуқуқ вазифаи танҳо мутахассисону коршиносони соҳаи ҳуқуқ набуда, он вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст, зеро аз худ кардан ва огоҳ будан аз ҳуқуқу вазифаҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс буда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд бо донистани ҳуқуқ зиндагӣ бояд кард.
Донистани ҳуқуқ ин нишонаи маданият ва рафтори некӯии шахсро дар ҷомеа нишон дода, шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд. Зеро дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд бардошта, инсон бо ин дарки ҳуқуқӣ аз кирдорҳои зидди ҳуқуқиву ғайриқонунӣ худдорӣ менамояд.
Бояд қайд кард, ки риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, шаҳрвандонро чунин вазифадор кардааст: “- Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.”
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Муқаррароти меъёри конститутсионӣ ҳар як шаҳрвандро вазифадор кардааст, ки ҳатман қонунҳоро донад, риоя намояд ва ба шаъну шарафи инсон эҳтиром гузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи бевосита зоҳир карда, қаблан соли 2008 қайд карда буданд, ки «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ намудани он ба миён омадааст».
Ҳамчунин дар масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин асос қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардида, хусусияти тарбиявӣ доранд ва дар ин ҷода, барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, оид ба баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Барномаҳои таълимие, ки дар самти боло бардоштани фаҳмиши ҳуқуқии мардум қабул гардидаанд, на ин ки масъалаи маърифати ҳуқуқиро дар донистани қонун ва риояи он баланд мебардоранд, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои миллиамон муосидат менамоянд.
Қобили қайд аст, ки дар раванди ислоҳотҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ якчанд идораҳои нави мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил карда шуда, ба низоми судии Тоҷикистон бештар диққат дода шуд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон ва устувору пойбарҷо мондани адолати судӣ аз 23 июни соли 2007, таҳти № 271 Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки ин аз аҳамияти баланди ҳуқуқӣ бархурдор аст.
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон амали пайгирона ва хирадмандона буда, дар раванди ташаккули ҷомеа нақши муассир ва ҳалкунанда хоҳад бозид.
Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар асоси гуфтаҳои боло, имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки бевосита Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаро аз худ ва риоя карда, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро дар миёни мардум эътибор дода, бо ин роҳ пешрафти ҷомеаро солим гардонаем.
Баротзода ҲУСЕЙН Наҷот,
раиси суди ноҳияи Рашт