ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ҲАМЧУН ҚОНУНИ МИЛЛӢ БО ТАҚОЗОИ РУШДИ ҶОМЕА АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМРО ТАНЗИМ НАМУДА, БА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ АСИЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ЭҲТИРОМ БА СУННАТҲОИ МАРДУМӢ БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҲАЁТИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАБУЛ ГАРДИДААСТ

Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақозои ҷомеа ва замон буда, он барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар таҷрибаи судии суди ноҳияи Рашт, шаҳрвандоне ёфт мешаванд, ки талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дағалона вайрон карда, хароҷоти зиёдатӣ намуда, ба буҷаи оилаҳояшон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд.

Чунончӣ, бо қарори суди ноҳияи Рашт, аз 17 январи соли 2019, шаҳрванд Шарипов С.А., барои он бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуааст, ки ӯ санаи 05 январи соли 2019 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар деҳаи Поҷе поён, Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, ноҳияи Рашт, ба муносибати маросими хатнасури писараш, дастархон ороста бо иштироки тахминан 11 нафар маросими хатнасурро ба анҷом расонидааст. Ҳуқуқвайронкунанда бар хилофи талаботи моддаи 9 Қисми 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», амал намудааст, ки мутобиқи он хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.

Ғайр аз ин, бо Қарори суди ноҳияи Рашт, аз 01 феврали соли 2019, шаҳрванд Фозилов Н.И., барои он бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд, ки ӯ талаботи моддаи 9 қисми 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, вайрон намудааст, ки мутобиқи он маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.Аммо ҳуқуқвайронкунанда Фозилов Н.И., санаи 13 январи соли 2019 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар деҳаи Меҳнатобод, Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, ноҳияи Рашт, ба муносибати маросими кӯдакбинони наберааш, дастархон орста, тахминан 15-16 нафаро даъват кардааст.

Чунончи бо Қарори суди ноҳияи Рашт, аз 01 феврали соли 2019, шаҳрвандон Мирзоев М.А., ва Насриддинов Ҷ.М., барои он бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуҳуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии ТоҶикистон, гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷсад) сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 11 000 (ёздаҳ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд, ки онҳо талаботи моддаи 14 қисми 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, вайрон намудаасат, ки мутобиқи он хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурат мегирад. Аммо ҳуқуқвайронкунанда Мирзоев М.А., санаи 20 январи соли 2019 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар деҳаи Кочон, Ҷамоати деҳоти Навдӣ. ноҳияи Рашт, тӯйи домодии писараш Мирзоев М-ро, барпо намуда, бо сароянда Насриддинов Ҷ.М., шарнома набастааст.

Ғайр аз ин, бо қарори суди ноҳияи Рашт, 01 феврали соли 2019, шаҳрванд Қурбонова Ш.Ш., барои он бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд, ки ӯ талаботи моддаи 10 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, вайрон намудааст, ки мутобиқи он ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.Аммо ҳуқуқвайронкунанда Қурбонова Ш.Ш., санаи 19.01.2019 сол дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар деҳаи Ялдамич, Ҷамоати деҳоти Қалъанак, ноҳияи Рашт, қабл аз маросими тӯйи арусии духтараш Қурбонова М.Н-ро маъракаи сарупобинон, бо оростани дастарахон ва даъвати 50 нафар хешу табор ва ҳамсояҳояш, барпо намудааст.

Бояд тазакур дод, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

Чунин қонунвайронкуниҳо аз тарафи шаҳрвандон дар соли ҷорӣ зиёд ба чашм мерасад, ки ин ташвишовар аст ва садди роҳи он бояд аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони масъули ҷомеа гирифта шавад. Дар ҳолати ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бетарафиро пеша накарда, ӯҳдадоранд, ки мақомоти дахлдори давлатиро дар ин хусус огоҳ созанд ва садди роҳи ин намуд ҳуқуқвайронкуниро гиранд.

Холиқзода А.А.

Судяи суди ноҳияи Рашт                         .