ПАЁМ МУАЙЯНКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз дастовардҳои бузургу созанда дар самти рушду нумӯи давлат, таҳкими сулҳу субот ва оромии ҷомеа нақши босазо дорад. 

Пешвои муаззами миллат дар ин Паём иброз намуданд: «Қобили зикр аст, ки бо мақсади идомаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ беҳбудии фаъолияти судҳо, таъмини мустақилият ва дахлнопазирии судяҳо мо зарур шуморидем, ки дар бораи судҳои Тоҷикистон қонуни ягона қабул намоем».

Дар ин партав, бо ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Президенти маҳбуб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои минбаъда як қатор қонунҳои муҳим ва калидии мамлакат, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, иқтисодӣ, кодексҳои гумрук, андоз, гражданӣ (қисми III), расмиёти маъмурӣ, меҳнатӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигарҳо дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуданд.
Бо таҳия ва қабулгардидани қонунҳои зикршуда маҷрои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ комилан симои нав гирифта, ташаккули кафолати давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мутобиқшавии санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ заминагузорӣ гардид.

Дар робита ба ин ва бобати рушди низоми ҳуқуқӣ Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд: «Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро асосан ба идоракунии давлатӣ равона созанд».
Амри воқеӣ гардидани танзимсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар доираи чаҳорчӯбаи қонун доираи васеи субъектони ҳуқуқэҷодкунӣ, бахусус вакилони парламентро водор менамояд, ки дар самти болоравии сифати қонун ва мутобиқ будани онҳо ба муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди кишвар чораҳои мушаххасро пиёда гардонда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро таҳия намоянд, ки фарогири муносибатҳои воқеӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз бошанд.

Таҷриба собитгари он аст, ки ҷузъи таркибии амалишавии вазифаҳои давлати демократӣ ва ислоҳоти ҳуқуқию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлатро маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ ташкил мекунад. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат дар Паём бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009-2019, дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардидани онро барои даҳсоли минбаъда зарур шумориданд.

Қобили зикр аст, ки таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар болоравии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон унсури калидӣ маҳсуб ёфта, дар шароите, ки ҷомеаи башариро ҳар чи бештар омилҳои гуногуни номатлуб чун терроризму ифротгароӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ фаро гирифта, боиси нигаронӣ низ гардидааст, басо муҳим арзёбӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми худ аз вазъи ифротгароӣ ва терроризм дар ҷаҳон ва минтақа бори дигар изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд: «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ингуфтаҳост».

Таҳия ва қабули Барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо назардошти дар шароити минтақаи буферӣ қарор доштани Тоҷикистон, аҳамияти стратегӣ дошта, барои паст гардидани шиддати ифротгароӣ, терроризм ва умуман, ҷинояту ҷинояткорӣ замина мегузорад. Татбиқи амалии ҳадафҳои пайгиришаванда ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, бо ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ робитаи зич дошта, самаранокии худро зимни дар як вақт амалӣ гардидан собит менамоянд.

Ҳокимияти судӣ муҳофизи падидае мебошад, ки онро адолат ном мебаранд ва он пояи марказӣ ва устувори давлатдорӣ буда, қарор доштани ин падида дар таҷрибаи давлатдории тамаддуни миллати тоҷик имкон дод, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври зарурӣ ҳифз карда шаванд. Дар Паём оид ба ин масъала зикр гардид: «Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дар пешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб менамояд. Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд». Пешвои миллат бо ин назардошт Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷроро муваззаф карданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ташаббус оид ба ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти судӣ идомаи мантиқии ислоҳоте мебошад, ки онро Пешвои миллат ҳанӯз 20 апрели соли 2006 зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошта буданд. Сарвари давлат дар ин Паём вазъи мақомоти судӣ ва аҳамияти ислоҳоти онро дар пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ матраҳ карда, зарур шуморида буданд, ки бо мақсади пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионӣ салоҳият ва ваколатҳои Суди конститутсионӣ такмил дода шуда, аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти шароити имрӯзаи кишвар таҳия ва пешниҳод намоянд.

Аз он вақт то инҷониб гарчанде давраи начандон тӯлонии таърих варақгардон гардид, мақомоти судии кишвар симои худро ба таври ҷиддӣ тағйир дода, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти хешро ба талаботи пешниҳодшаванда мутобиқ намуд. Нақши ҳокимияти судӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ба сифати манбаи адолати иҷтимоӣ ва кафолати устувории ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи калидӣ ба даст овард. Зеро тамаддуни миллат аз азал тарғибгари адолат буда, андешаҳои фалсафавиро чун «инсондӯстӣ» ё худ «гуманизм» ҳанӯз дар замонҳои қадим рӯи кор оварда буд. Осори гаронбаҳои илмии он замон то ба имрӯз пойбарҷо буда, арзиши худро чун ганҷинаи нуҳуфта нигоҳ доштааст. Аз ин ҷо, дар доираи ислоҳоти гузарондашаванда, ҳокимияти судӣ низ дахл гардида, бо ҳамин тартиб тақвияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ кафолат дода мешавад. Зеро, тавре ки Сарвари давлат таъкид доштанд, пешрафти ҷомеа, татбиқи амалии ҳадафу вазифаҳои дар назди он истодаро талаб менамояд.
Ҳамин тавр, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваи асосии такондиҳандаи арзишҳои давлати демократӣ ва пешрафти ҷомеа буда, на танҳо ҳокимияти судӣ ва ё ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин, равандҳои муосири ватаниро дар маҷмӯъ, матраҳ карда, рӯи кор омадани иқдомотеро асос мегузоранд, ки ба насли оянда Ватани азизу обод ва зиндагии шоистаро мерос мегузоранд.

 

Салимзода М.Д.

Раиси суди ноҳияи Сангвор