Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

 

Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст.

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи Қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст”.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

Парчами давлатӣ бостонитарин ихтироъ ё мавҷудияти башарият буда, мазҳари ифтихори ҳар кишвар ва бедоркунандаи ҳисси ифтихори милливу ватандӯстӣ аст.

Ҳамин тавр, аҷдодонамон парчамро бо чандин матоъҳои махсус ва гулдӯзию дигар васоити қимматбаҳо оро дода, ҷойгоҳи онро болотар аз дигар муқаддасот медонистанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон гуфтаанд: “Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдоми шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Ҷавонони варзишгар, ки насли ояндасоз ва номбардорони ватан мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.”

Бинобар ин, қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҳар яки мо мебошад, ки ба Парчами давлатӣ чун мазҳари истиқлолу озодӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.

Соли 2009 бо ибтикори Президенти мамлакат 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ эълон гардид. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ — Парчами давлатист, ки ҳастиву ифтихори миллии моро ифода мекунад.

Тамоми санадҳои муҳими марбут ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон бо ибтикору дастур ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул шудаанд. Ин далел бори дигар фаъолиятмандӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори баланди миллии Сарвари кишвари моро собит менамояд. Пешвои миллат ҳамчун рамзи садоқат ба халқу миллат ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ борҳо Парчами давлатии Тоҷикистонро бӯсидаву ба чашм молидаанд. Ин барои ҳар як сокинони кишвар дарси ибрат дар ҷодаи муҳаббат ва садоқат ба Ватани маҳбуб мебошад.

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешавад ва он дастовардҳоеро, ки мо дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба онҳо ноил шудем, метавон оғози дигаргуниҳои азими умедбахши ҷумҳурӣ номид ва моро низ вазифадор менамояд, ки ин дастовардҳоро эҳтиром, ҳифз ва риоя намоем. Аз ин рӯ, месазад, ки Конститутсияи кишварро ҳамчун китоби муқаддас ҳифз намуда, Парчами давлатиро дар кошонаҳои худ нигоҳ дорем, то ҳамеша даст рӯйи Конститутсия гузоштаву зери Парчами миллӣ кору зиндагӣ намоем.

Холиқзода АБДУЛҲАКИМИ Абдулваҳоб,

судияи суд ноҳияи Рашт