ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА: «ОИЛА РУКНИ ТАБИӢ ВА АСОСИ ҶАМЪИЯТ»

Вобаста ба танзими муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳо аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуровари дар оила», Қарорҳои Пленуми Суди Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни асосии давлат мебошад, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ «Оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асоси ҷамъият» эътироф намуда, давлат онро ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон,ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладори ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳи манъ аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари вохурию суҳбатҳояш оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандустӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлотияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мамуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувору солим арзёби менамояд.

Бо ин хотир дар моддаи 14 КО ҶТ тағиротҳо ворид гардида, тибқи он никоҳи хешовандони наздик манъ ва аз муоинаи тиббӣ гузаштани никоҳшавндагонро ҳатмӣ ва роигон муқарар намудааст.

Дар илми ҳуқуқшиносии муосир ду падидаи асоси яъне никоҳ ва оила ба таври васеъ истифода шуда, дар адабиётҳои ҳуқуқӣ мафҳуми ин ду падида чунин маънидод карда шудаанд.

Никоҳ-иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва ҳамчун қоида умурбоди зану мард,ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади оила баҳри тавлид ва тарбияи фарзандон равона шудааст, мебошад.

Оила- иттифоқи озодона, ихтиёрона ва баробарҳуқуқии зану шавҳар, ки баъди бастани ақди никоҳ ба миён омада, ҳуқуқ, вазифаҳои никоҳӣ, хешу таборӣ, ба фарзанди қабул кардан, ба тарбия гирифтани кӯдак ва дигар муносибатҳои оилавиро ба танзим медарорад, мебошад.

Адабиётҳои ҳуқуқи доираи аъзои оиларо ба таври гунонун яъне бобо, биби, падару модар, ҳамсар фарзандон, фарзандхондшудагон, наберагон ва ғайра маънидод карда, КМҶ ҶТ (м. 6 сархати 26) доираи хешовандони наздикро чунин маъниндод кардааст; Яъне падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва ҳоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар доираи хешовандаони наздик ба ҳисоб мераванд.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст,ки оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.

Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.

Ҳокимияти судӣ, ки як аз рукни мустақили давлат мебошад, ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро баҳри бунёди оилаи солиму устувор, таъминоту таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, устувори ва пойдории давлат, ки аз бунёди оила сарчашма мегирад ҳифз менамояд.

Бояд қайд намуд, ки қонунгузор чор намуди ҷавобгарӣ яъне ҷавобгарии гражданӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятиро пешбини намудааст.

Ҳисоботҳои омори ва таҷрибаи судӣ нишон медиҳад,ки миқдори зиёди парвандаҳои оилавии баррасигардидаро асосан даъвоҳо оиди бекор кардани ақди никоҳ ташкил дода, ин категорияҳои баҳсҳо дар байни дигари марбут ба масалаҳои оилавӣ мавқеи хоса доранд. Имрӯзҳо на танҳо дар суди ноҳияи Тоҷикобод балки дар судҳои Ҷумҳурӣ шумораи муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба баҳсҳои оилавӣ бахусус бекор кардани ақди никоҳ, руёнидани алимент ва муқарар кардани падари бештар ба назар мерасад.

Баҳри пойдорию устувории оилаҳо давоми ду моҳи аввали соли 2019 аз ҷониби суд татбирҳо андешида шуда истода, 13-адад парвандаҳои оилавӣ аз ин 5-ададаш оид ба бекор кардани ақди никоҳ дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида ба тарафҳо муҳлати оштишави дода шуда, дар як вақт дар бобби маърифати оиладори бо сокинон суҳбату вохуриҳо гузаронида шуда, дар асоси дастури хаттии роҳбарияти Суди Олӣ баҳри барқарор кардани оилаҳо мусоидат намудан нусхаи таъинотҳо ба бахши кор ба занон ва оилаи МИМҲД н. Тоҷикобод ирсол гаридаанд.

Моддаҳои 93 1 ва 93 2 КҲМ ҶТ ҷавобгарии маъмуриро оид ба зуроварӣ дар оила пешбини намудааст. Ҳарчанд ин шумора парванрдаҳо дар қиёс ба дигар ҳуқуқвайронкуниҳо камтар ба назар рассад ҳам аммо вақтҳои охир шикояти аъзёни оила дар ин самт ба назар расида истодааст.

Боб ва моддаҳои дахлдори қисми махсуси КҶ ҶТ (м. 110, 111, 112, 116, 117, 120 ва ғайра) ҷавобгарии ҷиноятиро низ вобаста ба пешгирии зуроварӣ дар оила пешбини кардааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила, ки 19 марти соли 2013 қабул ва то имрӯз амал карда истодааст, аз 4 боб ва 26 модда иборат буда, мақсад, мафҳум ва алматҳо зуроварӣ дар оила ваколату вазифҳои мақомотҳои дахлдорро муқарар ва ба танзим даровардааст.

Мақсади Қонун ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад.

Ҳамчунин моддаи 4-и Қонуни мазкур муқарар намудааст,ки амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, дар ақди никоҳ мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки бо пешбурди хоҷагии умумӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд, татбиқ мегардад. Яъне навобаст аз он ки ақди никоҳ баста шудааст ё не ҷавобгари ҳатто нисбати шахсоне, ки бе ақди никоҳ оила барпо намуда якҷоя бо пешбурди хоҷагии умумми зиндагӣ мекунанд ҳангоми содир гардидани зуроварӣ ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Зуроварӣ- кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад;

Пешгирии зӯроварӣ дар оила — маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд;

Намудҳои зуроварӣ дар оила ибрат аст аз зуроварии ҷисмонӣ, рӯхӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ.

Зӯроварии ҷисмонӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила, ки дар натиҷаи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ шудааст;

Зӯроварии рӯҳӣ дар оила — таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, иръоб ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, инчунин ба вайроншавии инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад;

Зӯроварии шаҳвонӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила, ки ба озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии дигар узви оила таҷовуз мекунад, инчунин ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбат ба узви ноболиғи оила содир шудаанд;

Зӯроварии иқтисодӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила вобаста ба маҳрум сохтан аз манзили истиқоматӣ, хӯрок, либос, молу мулк ё воситаҳое, ки ҷабрдида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқ дорад ва ин кирдор метавонад боиси вайрон гардидани солимии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё сар задани дигар ҳолатҳои ногувор гардад.

Аз таҷрибаи судӣ дар соли 2018 бар меояд,ки вақтҳои охир арзу шикоятҳои як нафар падар, як нафар модар нисбати фарзандони худ, ду нафар зан нисбати шавҳари худ оиди зуроварӣ дар оила муроҷиат намудаанд. Хушбахтона дар ду моҳи авали соли 2019 чунин шикоятҳо ба суд ворид нагардидааст.

Омузиш аризаҳо ва қабулу суҳбат бо шикояткунандагон аз он шаҳодат медиҳад,ки содиршавии зуровари аз ҷониби фарзандон нисбати падару модарони худ ин зуроварии иқтисодӣ яъне вобаста ба маҳрум сохтан аз манзили истиқоматӣ, таъминоти моддӣ накардани падари пиронсол ба миён омада, дигар зуровариҳо дар муносибатҳои оилавӣ рашки шавҳар ё зан нисбати якдигар, зуроварии рӯхӣ-таҳқир ва ҷисонӣ яъне расонидани дарди ҷисмонӣ ва ғайра мебошад.

Ваколату вазифаҳои МИМҲД, кор бо занон ва оила, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти корҳои дохилӣ, соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолӣ, Ҷамоатҳо дар хусуси пешгирии зуроварӣ дар оила бошад дар Қонуни мазкур пешбини ва муқарар гардидааст.

Суд ҷиҳати пшгирии содиршавии зуроварӣ дар олиа баҳри пойдорию устувор нигоҳ доштан ва барқарор намудани муносибатҳои оилавӣ дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда мусоидат карда, парвандаҳоро сари вақт баррасӣ ва санадҳои дахлдор қабул намуда, вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии махмурӣ дар самти зуроварӣ дар оила ҷазоҳои сазовар таъин карда истода, вобаста ба парвандаҳои оилави оид ба бекор кардани ақди никоҳ чораҳои зарури андешида истода, ба тарафҳо ҷиҳати барқарор шудани оила мӯҳлатҳои оштишави дода, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар муносибатҳои оилавӣ мурофиаҳои сайёри суди гузаронида, барои бартараф намудани сабабу омилҳое,ки боиси сар занади зуроварӣ ва вайрон гардидани муносибатҳои оилавии зану шавҳар гардидаанд, пешгирии вайроншавии муносибатҳои оилавӣ ва минбаъд роҳ надодан ба чунин камбудиҳо пешниҳодҳо ва таъинотҳои хусусӣ қабул намуда, ҳамасола ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида, ба мақомотҳо ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намуда истодааст.

Ҳамин тариқ суд ҳангоми омузиш ва баррасии чунин категорияҳои парвандаҳо муайян кард,ки яке аз сабабҳои асосии содиршавии зуроварӣ дар оила, вайрон шудани муносибатҳои оилавӣ, бекор гардидани ақди никоҳ, аз меҳру муҳаббат, таъминот, таълим, тарбия ва навозиши падар ё модар дур мондани кӯдакон, пеш аз ҳама дахолати шахсони сеюм; яъне дахолатҳои беасоси падару модарони зану шавҳар ё худ хусуру хушдоман, дахолати бародарону хоҳарон, танқисии манзили зист, беэҳтироми нисбати хусуру хушдоман бо сабаби то бунёд намудани оила аз ҷониби падару модар ва худи никоҳшавандагон аз зиндагию рафтору кирдор, хислат ва фарҳангӣ ҳамдигар воқиф набудану мувофиқ нагирифтани хислатҳои зану шавҳар, носолимии никоҳшавандагонро пинҳон доштан, омода набудан ба зиндагии мустақил, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ, паст будани маърифти ҳуқуқии аъзоёни оила, зуровари аз ҷониби як узви оила ба дигар узви олиа ва ғайра мебошад, ки муносибати оилавӣ қатъ мегардад.

Омузишу баррасии парвандаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон вобаста ба масъалаи никоҳу оила дар сатҳи паст қарор дошта, он ба вайрон шудани оилаҳои ҷавон, поймол гардидани ҳуқуқҳои аъзоёни оила ва халалдор гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кудакони ноболиғ оварда мерасонад. Сабаби дигар дар сатҳи паст қарор доштани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳи дар байни ҷавонон мебошад.

 Баҳри бунёди оилаи солиму устувор, пешгирии зуроварӣ дар оила, дар руҳияи неки инсони тарбия намудани фарзандони солеҳ, дарк намудани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ, огоҳ грдидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносмибатҳои олиавӣ мо масъулини мақомотҳои дахлдору шахсони муттасадиро зарур аст,ки дар ҳамбастагӣ нақшаю чорабиниҳои иловагӣ тартиб дода, дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзур намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои оиладори, ба қайд гирифтани ақди никоҳ, таъминоти модии кӯдакон ва роҳҳои нигоҳдорию устувории он, мунтазам корҳои ташфиқотию тарғиботиро тавассути садою симо, газетаю маҷалаҳо ба роҳ монда, дар байни аҳолии суҳбату вохуриҳо доир намоем.

 

Миршарифзода С.Қ.

Раиси суди ноҳияи Тоҷикобод