Сафари Корӣ Ба Ноҳияи Нуробод

07.06.2021 08:28, ноҳияи Нуробод

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти нав ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳраки Дарбанд –  маркази ноҳияи Нуробод роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд.

http://www.president.tj/node/25858