Суҳбату вохуриҳо дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх

Рӯзи 11 феврали соли 2026 соати 10-00 раиси суди ноҳияи Рашт Салимзода М.Д. дар толори фароғатгоҳи деҳаи Кадараи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт бо фаъолон ва роҳбарони корхонаю идораҳои ноҳияи Рашт дар мавзӯҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар-машварт баргузор менамояд. Хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Маъмурияти суди н.Рашт