СУД ҶАРИМА КАРД

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, воқеан дар таърихи қонунгузории миллии кишвар як падидаи наву бемисл ва хотирмон буда, аз иқдоми навбатии мамлакати тозаистиқлоли мо дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқӣ башорат медиҳад, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд. Сокинони мамлакат хуб дарк кардаанд, ки маҳз риояи қонуни мазкур барои таъмини пурраи рӯзгори ҳар хонавода ва тадриҷан расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар ёрӣ медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш ба мардум ҳамеша дар бораи риояи қонун ва аҳамияти он ҳушдор медиҳад. Чунончӣ:

“То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

«Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем».

«Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».

Ҷои таассуф аст, ки ҳанӯз бархе одамон ба зиёдаравиҳое даст мезананд, ки амалашон на танҳо ба онҳо, балки ба тамоми мардум таъсири бад мегузорад. Агар шахси ба исрофкорӣ даст зада аз ҷиҳати молиявӣ зарар бинад, мардуми деҳа зарбаи маънавӣ мебинанд. Ҳатто дар ҳолати сари вақт огоҳ нагардидани мақомоти масъул мардум байни ҳамдигар мегӯянд: “Фалонӣ обрӯ ва одам дошт, маърака гузаронд, аммо касе эродаш нагирифт. Агар ҳозир як бесоҳиб ҳамин корро мекард…”

Боиси хурсандист, ки мақомоти назоратию ҳуқуқӣ барои ба мардум фаҳмондани муҳтавои қонун дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби фаъолон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис додаанд ва дар доираи имконот  бо сокинони ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Дар баробари ин, пайваста ба муқобили вайронкунандагони қонун чораву тадбирҳо андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки кормандони прокуратураи ноҳия ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати қонуни мутазаккира дар деҳаи Ярхичи қалъаи Ҷамоати деҳоти Ҳоит аз тарафи сокини ҳамин деҳа Ҷононов Қосим Ҷониевич, соли таваллудаш 1974, таҳсилоташ миёнаи умумӣ, оиладор, соҳиби 10 фарзанд, дар ягон ҷой кор намекунад, ҳолати итоат накардан ба қонунро мушоҳида карданд.

Мавсуф бо мақсади “ҳоҷӣ талбон”-и шавҳари апааш дастархони пур аз нозу неъмат ороста, бист нафар сокинони деҳаро даъват намуда, зиёфат додааст.

Ҳуқуқвайронкунанда ҳангоми баргузор гардидани мурофиаи судӣ пурра гуноҳашро ба зимма гирифт.

Ба ҳамин монанд, сокини деҳаи Ҳоити Ҷамоати деҳоти Ҳоит Сатвалдизода Ҳақназар Сайназар, соли таваллудаш 1991, таҳсилоташ миёнаи умумӣ, соҳиби 4 фарзанд, дар ҳеҷ куҷо кор намекунад, барои гузаронидани “бист”-и аммааш марҳум Камина Шарифова бе иҷозатномаи бахши танзими анъана ва ҷашну маросим дар чойхонаи деҳа маърака ороста, 60 нафар ҳамдеҳагонашро зиёфат додааст. Ӯ ҳангоми санҷиш гуноҳи худро иқрор шуд.

Як сокини дигари ҳамин деҳа Абдуҷабборов Нусратшо Сайёдович, соли таваллудаш 1996, таҳсилоташ олӣ, оиладор, соҳиби як фарзанд, бидуни иҷозаи бахши танзими анъана ва ҷашну маросим тӯйи арӯсии бародарашро баргузор намуда, дар манзили зисташ ва чойхона-фароғатгоҳи деҳа барои 80 нафар иштирокчиёни маърака зиёфат додааст.

Мурофиаҳои судӣ дар толори суди ноҳияи Рашт таҳти сарварии раиси суди ноҳия Баротзода Ҳусейн Наҷот баргузор гардиданд. Ҳангоми муҳокима вайронкунандагони қонун бо сари хам гуноҳи худро иқрор мешуданд ва изҳори пушаймонӣ мекарданд. Аз он афсӯс мехӯрданд, ки итоат накрадан ба қонун барояшон чунин вазъиятро пеш овард.

Ба андешаи мо хуб мебуд, ки эшон пеш аз даст задан ба қонунвайронкунӣ даст болои дил мегузоштанд ва андешаи пешомадро мекарданд. Баъди содир намудани ҳуқуқвайрокунӣ дигар пушти даст газиданҳо фоида надорад…

Дар охир, суди ноҳия масъаларо ҳаматарафа омӯхт ва ҳолатҳои сабуккунандаро ба инобат гирифта, ҳар кадоми онҳоро ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 7480 сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат таъин намуд.

Идораи рӯзнома ин мисолҳоро барои он ба хонандагони рӯзнома пешниҳод менамояд, ки барои дигарон панд гардад ва ҳар як сокини ноҳия пайи он кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар зиндагӣ ба чунин ашхос пайравӣ накунад.