Қ А Р О Р

 

  Қ А Р О Р

 

09 октябри  соли 2020                                                                              шаҳраки Ғарм

 

Раиси  суди ноҳияи Рашт Баротзода Ҳ.Н., дар маҷлиси кушодаи судӣ дар бинои суди ноҳия, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Раҳимов Раҳмонхуҷа Деҳқонович, санаи таваллудаш 18 июли соли 1971, зодаи ноҳияи Рашт, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби шаш фарзанд, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи  ҷамоати деҳоти Қалъанақ, деҳаи Шаҳринав ноҳияи Рашт, бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро омӯхта,

 

М У А Й Я Н     К А Р Д:   

 

Раҳимов Р.Д., ӯҳдадориҳои худро нисбат ба фарзанди ноболиғаш ба таври дахлдор иҷро накарда, дар натиҷа писари ноболиғаш Раҳимов А.Р., аз беназорати волиайнаш истифода бурда ба ҳамсоланаш муноқиша намуда нисбати ҳамдигарашон дашномҳои қабеҳ задаанд.

Ҳуқуқвайронкунанда  Раҳимов Р.Д., дар маҷлиси судӣ  чунин баён намуд, ки дар ҳақиқат  ӯ ӯҳдадории худро нисбат ба фарзанди ноболиғаш ба таври дахлдор иҷро накардааст, ки дар натиҷа писари ноболиғаш Раҳимов А.Р., аз беназорати ӯ истифода бурда ба ҳамсоланаш муноқиша намуда нисбати ҳамдигарашон дашномҳои қабеҳ задаанд.

Барои ин кирдои зиддиҳуқуқиааш нисбати ӯ,  бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд.

Айни ҳол аз кирдори зидиҳуқуқиааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намудааст, ки нисбаташ  ҷазои сабуктар таъин карда шавад.

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Раҳимов Р.Д., бо дигар далелҳои дар қабати парванда ҷамъовардашуда, аз қабили; протоколи маъмурӣ қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,  баёноти худи ҳуқуқвайронкунанда Раҳимов Р.Д., тасдиқи худро ёфтааст.

Бинобар ин, судя кирдори ҳуқуқвайронкунанда Раҳимов Р.Д., -ро бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи падару модар иҷро накардани ӯҳдадориҳои таълимӣ ва тарбиявии ноболиғон ҳангоми набудани аломати ҷиноят банду баст менамояд.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 48 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси воқеи хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молу мулкаш, ҳолатҳои сабуккунанда, вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешавад.

Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда тибқи талаботи моддаи 49 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бори аввал содир намудани ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва дар тарбияш доштани шаш  нафар фарзанд мебошад.

Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда тибқи талаботи моддаи 50 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон дида намешавад.

Санксияи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои огоҳӣ ва ҷаримаро алтернативӣ пешбинӣ кардааст.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 35 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечуну чарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқваронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи хуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад.

Бинобар ин, судя далелҳои дар парвандаи маъмурӣ ҷамъовардашударо пурра ҳаматарафа санҷида баромада, бо мақсади дар руҳияи риояи бечуну чарои қонунҳо тарбия кардани ҳуқуқвайронкунанда ба хулоса омад, ки нисбати  Раҳимов Р.Д., дар доираи санксияи моддаи 90 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазои ҷаримаи мамурӣ таъйин намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142 ва 148-149 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя-

   Қ а р о р   к а р д :

Раҳимов Раҳмонхуҷа Деҳқонович бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда баробар ба ҳисобҳо 174  сомонӣ ба фоидаи давлат  таъйин карда шавад.

Аз болои қарори мазкур дар мӯҳлати даҳ  шабонарӯз тавассути ҳамин суд ба Коллегияи судӣ оид ба парвнадаҳои маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти хусусӣ овардан мумкин аст.

                                          Раисикунанда

Раиси суди ноҳияи Рашт:-                                        Баротзода Ҳ.Н.