Нақши Конститутсия дар ҷомеаи навини Тоҷикистон

          

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ, ки арзишҳои Олӣ дорад, санаи 6-ноябри соли 1994, бо тариқи раъйпурсии умумихалқи аз  ҷониби мардуми кишвар   қабул гардида,  њамчун  ҳуҷҷати тақдирсозу сарнавиштсоз, ки заминаи ҳуқуқии бунёди давлати   тоҷиконро дар шакли ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо, манфиатҳо ва осори таърихию фарҳангии миллии моро муайян мекунад, яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик мебошад.

Дар меъёрҳои Конститутсияи қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии давлатии тоҷикон, мустақилият ва тамомияти арзии у, дахлнопазири доштани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва вазифаҳои давлатӣ, шакли давлатдории тоҷикон, самтњои асосии давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, забони модариамон забони давлатӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии тозабунёди миллии моро муқарар ва муайян намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилиали ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягон аэълон намудаааст.

Тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон   ҳуқуқу озодиҳои инсон арзишҳои олӣ дошта, ҳаёт қадру номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.  Яъне меъёри зикршуда, ҳамаи ҳуқуқҳои инсонро аз лаҳзаи таваллуд то дами марг ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст. Ҳамчунин ба ҳаёти инсон, қадру номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазири эълон намуда, ҷанбаҳои дахлнопазирии инсон:- руҳи, моддӣ ва маънави бо меъёрҳои Конститутсия вадигарқонунҳои мутобиқ ба он, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ҳимоя мегарданд. Бояд қайд кард, ки бо ин меъёри конститутсионӣ давлат ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ба зимма дошта, бо қонунҳои амалкунандаи кишвар ва меъёрҳои байналмилиалие, киТоҷикистон онҳоро эътироф кардааст зери ҳимояи худ қарор медиҳад.  Чунончи инсон бузургтарин арзишҳо дошта, инсонро таҳқир намудан, шаъну шарафи уро паст задан, шиканҷа ва дигар кирдорҳои ғайриахлоқиро нисбати инсон, аз ҷумла занону кудакон раво донистанро маҳкум менамояд.

Мутобиқи моддаи 9 Конститутсия ҳокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба  ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амали мегардад. Ҳокимияти суди дар ин се рукнҳои давлати мақоми хосаеро ишғол карда, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд нақши баланддошта, барои барқароркардани адолати иҷтимои аз номи давлат карор кабул мекунад. Инчунин тибки моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд пешбини карда, баробарии шахрвандонро новобаста аз миллат, нажот, чинс, забон, эътикоди динню дигар ҳолатхоро низ кафолат медињад.

Ҳамчунин моддаи 18 Конститусия ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ додаас, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи уро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст баррасӣ намояд.  Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии ҳимоятгар истифода барад.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, пешбини намудааст, ки  шахрвандон хукук доранд дар ҳама ҳолат, барои барқарор кардани ҳуқуқҳои поймолгардидаашон ба суд муроҷиат намоянд.

Мутобики  моддаи 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон

-Њуќуќи њифзи судї дар ягон маврид, њатто дар давраи вазъияти фавќулодда мањдуд карда намешавад.

Њамин тариќ аз меъёри Конститутсияи Љумњурии Тољикистон (моддањои 4, 14, 17 ва 19) бармеояд, ки ба љабрдида (аз љиноят зарардида) давлат њифзи њуќуќ ва озодиро бо роњи пешгирї ва роњ надодани сўиќасд, ки зарари моддї ё маънавї мерасонад, кафолат медињад, ки љавобгўи моддаи 8 Эъломияи умумии њуќуќи башар аст, ки мувофиќи он «Њар як инсон барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад».

Бо маќсади таъмини волоияти Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар низоми њуќуќии кишвар, мутобиќати њамаи санадњои меъёрии њуќуќии Тољикистон бо Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, фањмиши ягонаи матни Конститутсия, шинос намудани оммаи васеи халќ бо меъёрњои конститутсионї зарурати тањияи тафсири илмию оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба миён омад, ки     Асосгузори сулњу вањдати милли Пешвои миллат  Президени кишвар Муњтарам Эмомалии Рањмон дар Паёми худ ба Маљлиси Олї санаи  25 апрели соли 2008 иброз доштанд, ки «…ваќти он расидааст, ки аз љониби олимони њуќуќшиноси мамлакат тафсири илмию оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон тањия карда, то љашни 15-солагии ќабули ин њуљљати сарнавиштсоз, яъне 6 ноябри соли оянда аз чоп бароварда шавад».  Мањз бо ташабуси Сарвари давлатамон Тафсири Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба табъ расида дастраси омаи халќ гардид.

Бо фарорасии рузи ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон  6-ноябр њамаи Шуморо табрик гуфта, тансињати ва хонаободи орзу дорам.

 

Раиси суд                                                       Баротзода Ҳ.Н.