ФАРЗАНДХОНДӢ ШАКЛИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҶОБАҶОГУЗОРИИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР МОНДА МЕБОШАД.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фарзандхондӣ баҳри таъмини афзалиятнокии ҳимояи ҳуқуқиу манфиатҳои кӯдакон равона шудааст. Риояи манфиатҳои кӯдакон шарти асосии ҳар як фарзандхондӣ мебошад. Таҳти мафҳуми манфиатҳои кӯдак пеш аз ҳама таъмини шароити имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, руҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак фаҳмида мешавад. Манфиати кӯдакро ҳаргиз ба маънои маҳдуд, яъне таъмини манфиатҳои моддӣ ва манзилӣ фаҳмидан дуруст нест. Танҳо як хурондану пушондани кӯдак барои инкишофи пурраи кӯдак кифоя нест. Зеро ҳар як кӯдак – ин як шахсияти нотакрор мебошад. Асос он аст, кӯдак ҳамавақт таъсири хуби оила, муҳабати падару модарӣ ва ғамхориро ҳис карда, шахси бамаданияту ҳаматарафа, пешқадам ба воя расад ва дониши хуб гирифта, ба ҳаёти ҷамъиятӣ тайёр бошад.
Аз ду шакли ҷобаҷокунии кӯдакони бепарастории падару модармонда фарзандхондӣ ва васоят – фарзандхондӣ шакли афзалиятнок мебошад. Зеро ҳангоми фарзандхондӣ байни фарзандхондкунанда ва фарзандхондшаванда на танҳо муносибатҳои наздики хешутаборӣ ба вуҷуд меояд, балки аз ҷиҳати ҳуқуқиӣ ин муносибатҳо устувор шуда, ҳуқуқиу уҳдадориҳои кӯдаки фарзандхондшуда ба кӯдакони ҳамхун баробар ва фарзандхондкунанда дорои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модарӣ мегардад. Ва баракс алоқаҳои ҳуқуқиии кӯдаки фарзандхондшуда бо падару модари аслиаш, яъне биологиаш канда шуда, охирин аз ҳуқуқиу уҳдадориҳои падару модари нисбати ин кӯдак озод мешаванд.
Танҳо баъди расман ба фарзандхондӣ қабул гардидани кӯдак байни фарзандхондкунанда ва фарзандхондшаванда ҳуқуқии меросӣ пайдо мешавад.
Боби 19 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 29 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба фарзандхондӣ ва тартиби баррасии фарзандхондӣ бахшида шудааст.
Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ, яъне шахсони ба синни 18 солагӣ нарасида иҷозат дода мешавад. Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки фарзандхондӣ нисбати шахси ба синни 18 солагӣ нарасида иҷозат дода намешавад, агар ӯ дорои қобилияти пурруи амал, яъне эмансипатсия эълон карда шуда бошад. Зеро нисбати ин шахсон ва шахсони аз 18 сола боло зарурати тарбия ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз ҷониби калонсолон аз байн меравад.
Дар ҳама маврид фарзандходӣ ихтиёрӣ мебошад. Агар ягон монеагӣ набошад, шахс худаш муайян мекунад, ки киро бо қаророи мақомоти дахлдор ба фарзандхондӣ қабул намояд. Фарзандхондии ду ва зиёда кӯдакон низ мумкин аст. Бо назардошти он ҳолат, ки ҳангоми фарзандхондӣ алоқаҳои ҳуқуқиии кӯдаки фарзандхондшуда на танҳо бо падару модари биологиаш, балки бо дигар хешовандони наздикаш ҳам канда мешавад, фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун иҷозат дода намешавад. Вале агар ҳолатҳои истисное бошанд, ки манфиати кӯдаконро халалдор накунад ё масалан агар бародарону хоҳарони фарзандхондшуда ҳеҷ гоҳ якҷоя истиқомат накарда, аз хешутабории ҳамдигар бохабар набошанд, фарзандхондии онҳо аз ҷониби шахсони гуногун мумкин аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқии ба фарзандхондӣ қабул карданро танҳо шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
Дар баробари ин шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд, шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд, шахсоне, ки нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин карда шудааст, шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст, шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқии падару модар маҳрум сохтааст ё маҳдуд кардааст, шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳо аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд, шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст, шахсоне, ки мубталои беморӣ мебошанд, наметавонанд фарзандхондкунанда бошанд. Номгӯи бемориҳое, ки монеа барои фарзандхондӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ки маъмултаринашон касалиҳои сил, онкологӣ, узвҳои даруна, системаи асаб, узвҳои такягоҳ ва ҳаракат, майзадагӣ, таксикоманӣ, нашъамандӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Фарзандхондӣ метавонад аз ҷониби як шахс ё аз тарафи ҳамсарон муштаракан сурат гирад.
Ҳамсаре, ки фарзандхондӣ қабул накардааст дорои ҳуқуқиу уҳдадориҳои падару модарӣ намегардад, ҳарчанд барои фарзандхондӣ қабул кардани ҳамсараш розигӣ дода бошад ҳам.
Инчунин, агар яке аз ҳамсарон бо тартиби судӣ ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф шуда бошад, ҳамсари дигар ҳуқуқии фарзандхондӣ қабул намуданро надорад.
Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кӯдакро муштаракан ба фарзандхондӣ қабул намоянд.
Фарқияти синну соли фарзандхондкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз ҳабдаҳ сол кам набошад. Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синну сол ба инобат гирифта намешавад.
Барои фарзандхондӣ розигии падару модари кӯдак новобаста аз он, ки онҳо якҷоя зиндагӣ мекунанд ё никоҳи онҳо бекор карда шудааст зарур аст. Вале падару модари кӯдак агар худ ноболиғ бошанд, инчунин розигии бобою бибӣ ҳам, лозим аст.
Розигии падару модари кӯдак бояд баъди таваллуди кӯдак сурат гирад. Розигии падару модар пеш аз таваллуд ё дар давраи ҳомиладорӣ эътибор надорад.
Аз сабабе, ки падару модар нисбати фарзандони худ ҳуқуқии афзалиятнок доранд онҳо ё яке аз онҳо метавонанд дар ҳар маврид новобаста аз сабабу асосҳо, вале то баровардани ҳалнома аз розигии худ даст кашанд.
Фарзандхондии кӯдак бе розигии падару модар дар ҳолатҳое, ки агар онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд, суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад, баъди шаш моҳи аз ҳуқуқии падару модар маҳрум сохтани онҳо аз ҷониби суд, инчунин бо сабабҳое, ки суд бе асос эътироф намудааст, падару модар зиёда аз шаш моҳ бо кӯдак якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркашӣ карда бошанд, мумкин аст.
Агар то супоридани ариза оид ба фарзандхондӣ кӯдак муҳлатҳои тӯлонӣ дар оилаи фарзандхондкунандаҳо зиндагӣ карда тарбия ёфта, аз хусуси падару модарӣ биологии худ огоҳ набошаду ӯ худро фарзанди онҳо ҳисоб кунад ва дар муассисаи таълимӣ-тарбиявӣ бо насаби онҳо ба қайд гирифта шуда бошад, фарзандхондиро ба таври истисно бе гирифтани розигии кӯдаки фарзандхондшаванда ба расмият даровардан мумкин аст.
Ба оила қабул кардан ва тарбия кардани кӯдаки бегона, кори хайру муҳим ва бениҳоят вазнину пурмасъул мебошад. Бинобар ҳамин фарзандхондӣ зери назорати қатъии давлат қарор гирифта, танҳо ба манфиати ноболиғон ва бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад.
Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо тартиби мурофиаи махсус ва бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор баррасӣ мегардад.
То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзандхондӣ монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.
Аз сабабе, ки сирри фарзандхондӣ бо қонун ҳифз карда мешавад (моддаи 173 КҶ ҶТ) парвандаҳои фарзандхондӣ дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ карда мешаванд.
Фарзандхондкунандагон дар баробари доштани намоянда ҳам, уҳдадоранд, ки дар мурофиаҳои судӣ шахсан иштирок карда, кӯдакро шахсан гиранд. Зеро ҳама гуна фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондӣ бо қонун манъ карда шудааст.
Дар вақти аз ҷониби зан ё марди танҳо ба фарзандхондӣ қабул намудани кӯдак, ҳамчунин бояд масъалаи оё ба оилаи нопурра додани кӯдак ба манфиатҳои ӯ мувофиқат мекунад, оё зан ё мард вобаста ба синну солаш, вазъи саломатӣ, ҳолати моддиаш кӯдакро то ба балоғат расиданаш ба таври лозима нигоҳубин ва тарбия карда метавонад ё не, муҳокима карда шавад.
Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул намудани кӯдакони падару модар дошта аз ҷониби шахсоне, ки бо онҳо хешу таборӣ доранд, бояд асосҳои фарзандхондкунӣ, сабаби ба ин розӣ шудани падару модар, мувофиқи мақсад будани ба тарбияи бобову модаркалони пиронсол, оилаҳои фарзандони худро дошта, хешовандоне, ки пештар дар тарбияву нигоҳубини кӯдаки фарзандхондшаванда иштирок надоштанду, нисбати ӯ бепарвоӣ зоҳир менамуданд додани кӯдакро, муайян карда, қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқиии фарзандхондшуда натанҳо бо падару модар, ҳамчунин бо бородарону хоҳарон ва дигар хешу табори аҷдодии дуру наздик мувофиқи мақсад мебошад ё не муайян карда шавад.
Махсусан, фарзандхондкунии наврасону духтарони 15-17 сола ҷиддан баррасӣ карда шуда, мақсади асосии фарзандхондкунӣ ва ба манфиатҳои фарзандхондшаванда мувофиқ будани он муайян карда шаванд.
Бояд дар назар дошт, ки ҳангоми фарзандхондӣ аз ҷониби як шахс ҳуқуқиу уҳдадориҳои молу мулкӣ ва ғайримолумулкии бо хоҳиши модар, агар фарзандхондкунанда мард бошад ва бо хоҳиши падар, агар фарзандхондкунанда зан бошад, нигоҳ дошта мешавад.
Фарзандхондӣ ба тартиби судӣ бо талаби падару модари биологии кӯдак, фарзандхондкунандагон ё яке аз онҳо, фарзандхондшудагон, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, мақoми васояту парасторӣ ва прокурор дар мавридҳое, ки агар фарзандхондкардагон аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарӣ саркашӣ кунанд, аз ҳуқуқии падару модарии худ сӯиистифода намоянд, бо кӯдакони фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъамандӣ ашаддӣ бошанд, бекор карда мешавад.
Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқиу уҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқиу уҳдадориҳои байни кӯдак ва падару модару хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати кӯдак тақозо кунад.
Маҳз дар сурати бекор кардани фарзандхондӣ ҳуқуқиу уҳдадориҳои падару модарӣ Қатъ мегардад. Бинобар ҳамин аз ҳуқуқии падару модарӣ маҳрум кардани шахсони фарзандхондкарда қобили қабул нест.
Дар сурати бекор кардани фарзандхондӣ, кӯдак ба падару модараш супурда мешавад. Дар сурати набудани падару модар, инчунин агар ба падару модар супурдани кӯдак хилофи манфиати e бошад, кӯдак ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ дода мешавад. Дар ин маврид аз фарзандхондагони собиқ алимент руёнидан мумкин аст.
Фарзандхондӣ инчунин метавонад беэътибор дониста шавад, агар ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуҷҷатҳои қалбакӣ асос ёфта бошад, фарзандхондӣ қалбакӣ бошад, шахси ба балоғатрасида ба фарзандхондӣ қабул карда шуда бошад, фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ӯро ғайриқобили амал ё қобили амалаш маҳдуд эътироф карда бошад, шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқии падару модарӣ маҳрумшуда бошад, шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани eҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз уҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд, фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад, шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқии падару модариро амалӣ намоянд.
Мақолаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифта, бо санадҳои меъёри ҳуқуқиии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, аз Ҷумла Аҳдномаи Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида «Дар бораи ҳуқуқии кӯдак», ки 26 июни соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2003 “Дар бораи таҶрибаи баррасии парвандаҳои оид ба фарзандхондӣ” танзим меёбад.
Судяи суди н.Рашт Ализода П.Ш.
Суди ноҳияи Рашт 