семинар-машварт дар Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Махсуми н.Рашт

Рӯзи 16 феврали соли 2026 соати 10-00 раиси суди ноҳияи Рашт Салимзода М.Д. дар толори фароғатгоҳи деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати деҳоти Н.Махсуми ноҳияи Рашт бо фаъолон, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони деҳаҳо ва хатибони масҷидҳои ҷомеа ва панҷвақтаи маҳал дар мавзӯҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025”, “Сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030”, оид ба пешгирии оилаҳо аз вайроншавӣ, “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар-машварт баргузор менамояд. Хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Маъмурияти суди н.Рашт