Ҳар як мастӣ пастиҳо дорад.

Бо қарори судяи суди ноҳияи Рашт аз 19.03.2026 сол шаҳрванд А.А.С. барои он бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300(сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 23400(бисту се ҳазору чорсад) сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5(панҷ) сол таъин карда шуд, ки ў санаи 19.03.2026 сол тахминан соати 10-00 дақиқа, дар ҳолати мастӣ сари чамбараки автомашинаи тамғаи «Портер» рақами қайди давлатиаш 12-47 АВ 08 нишаста, онро идора намудааст. Ҳангоми ҳаракат аз самти Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода ба тарафи шаҳраки Новободи ноҳияи Рашт аз ҷониби кормандони ГБДА ШВКД-и шаҳраки Новобод ҳолати мастиаш  ошкор карда шуда, протокол тартиб дода шуда, барои моҳиятан баррасӣ намудпн ба суд ирсол карда шудааст.

Қарори мазкур, дар қисми ҷаримаи маъмурӣ ба тариқи маҷбурӣ ба иҷро расонида шуда, шаҳодатномаи ронандагии А.А.С. бо талони қайди ҳуқуқвайронкуниаш баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори мазкур барои иҷроиш ба ШББИ ШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт равон карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт манбаи калони хатар чӣ барои ронандагон ва чӣ барои пиёдагардону мусофирон ба ҳисоб меравад ва мумкин аст, оқибатҳои нохӯшеро ба бор оварад, ки баъдан пӯшаймон ягон суде надорад. Аз ин рӯ, суди ноҳияи Рашт ба саҳми ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки дар ҳолати мастӣ сари чамбараки автомашина нанишинад, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

 

Раиси суди н.Рашт                                                                       Салимзода М.Д.