Қ А Р О Р

 

  Қ А Р О Р

07 августи  соли 2020                                                           шаҳраки Ғарм

 

Раиси  суди ноҳияи Рашт Баротзода Ҳ.Н., дар маҷлиси кушодаи судӣ дар бинои суди ноҳия, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҳакимов Обидхуҷа Раҳмонович, санаи таваллудаш 16 феврали соли 1969, зодаи ноҳияи Рашт, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби панҷ фарзанд, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи  ҷамоати деҳоти Қалъанақ, деҳаи Қалъанақ, ноҳияи Рашт, бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро омўхта,

М у а й я н    к а р д : 

     Ҳакимов О.Р. ўҳдадориҳои худро нисбат ба фарзанди ноболиғаш ба таври дахлдор иҷро накарда, дар натиҷа писари  ноболиғаш Ҳакимов Юсуф хонандаи синфи 4-уми МТМУ №25 ноҳияи Рашт, ба лабби дарёи деҳаи Қалъанақ, рафта ба оббози машғул шудааст, ки мебоист боиси ғарқшавии ноболиғ гардад.

Ҳуқуқвайронкунанда Ҳакимов О.Р. дар маҷлиси судӣ  чунин баён намуд, ки дар ҳақиқат  ў ўҳдадории худро нисбат ба фарзанди ноболиғаш ба таври дахлдор иҷро накардааст,  ки писари  ноболиғаш Ҳакимов Юсуф хонандаи синфи 4-уми МТМУ №25 ноҳияи Рашт, ба лабби дарёи деҳаи Қалъанақ, рафта ба оббози машғул шудааст, ки мебоист боиси ғарқшавии ў гардад.  Барои ин кирдои зиддиҳуқуқиааш нисбати ў, кормандони РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд.

Айни ҳол аз кирдори зиддиҳуқуқиааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намудааст, ки нисбаташ  ҷазои сабуктар таъин карда шавад.

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Ҳакимов О.Р. бо дигар далелҳои дар қабати парванда ҷамъовардашуда, аз қабили; протоколи маъмурӣ таҳти силсилаи АА№000023626 қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,  баёноти худи ҳуқуқвайронкунанда Ҳакимов О.Р. тасдиқи худро ёфтааст.

Бинобар ин, судя кирдори ҳуқуқвайронкунанда Ҳакимов О.Р. -ро бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи падару модар иҷро накардани ўҳдадориҳои таълимӣ ва тарбиявии ноболиғон ҳангоми набудани аломати ҷиноят банду баст менамояд.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 48 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси воқеи хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ў, шахсияти гунаҳгор, вазъи молу мулкаш, ҳолатҳои сабуккунанда, вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешавад.

Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда тибқи талаботи моддаи 49 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бори аввал содир намудани ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва дар тарбияш доштани панҷ нафар фарзанд мебошад.

Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда тибқи талаботи моддаи 50 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон дида намешавад.

Санксияи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои огоҳӣ ва ҷаримаро алтернативӣ пешбинӣ кардааст.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 35 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечуну чарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқваронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи хуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад.

Бинобар ин, судя далелҳои дар парвандаи маъмурӣ ҷамъовардашударо пурра ҳаматарафа санҷида баромада, бо мақсади дар руҳияи риояи бечуну чарои қонунҳо тарбия кардани ҳуқуқвайронкунанда ба хулоса омад, ки нисбати  Ҳакимов О.Р. дар доираи санксияи моддаи 90 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазои ҷаримаи маъмурӣ таъйин намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142 ва 148-149 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя-

   Қ а р о р  к а р д :

Ҳакимов Обидхуҷа Раҳмонович бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда баробар ба ҳисобҳо 174 сомонӣ ба фоидаи давлат  таъйин карда шавад.

Аз болои қарори мазкур дар мўҳлати даҳ  шабонарўз тавассути ҳамин суд ба Коллегияи судӣ оид ба парвнадаҳои маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти хусусӣ овардан мумкин аст.

 

                                Раисикунанда

Раиси суди ноҳияи Рашт:-                                        Баротзода Ҳ.Н.