Қ  А  Р  О  Р

 

 

Қ  А  Р  О  Р

03 марти соли 2020                                                       шаҳраки Ғарм

 

Раиси суди ноҳияи Рашт Баротзода Ҳ.Н., дар маҷлиси кушодаи суди дар бинои суди ноҳия бо иштироки ёрдамчии прокурори ноҳияи Рашт Насриддинзода З., парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Фақеров Раҳматулло Ҳокимович  санаи таваллудаш 20.02.1970 сол, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Рашт, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ  оли нопурра, оиладор, соҳиби чор фарзанд, омӯзгори МТМУ №22 ноҳияи Рашт, истиқоматкунандаи  ноҳияи Рашт, Ҷамоати деҳоти Ҳоит, деҳаи Ҳоит, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, баррасӣ намуда, —

 

М У А Й Я Н     К А Р Д :

 

Фақеров Р.Ҳ. рӯзи 01 феврали соли 2020 дар манзили итиқоматиаш, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит, деҳаи Ҳоит ноҳияи Рашт, қабл аз маросими туйи арусии духтараш Фақерова Олуфтахон, ғайриқонуни маъракаӣ сарупобинон, бо оростани дастархон ва даъват намудани 34 нафар хешу табор ва ҳамсояҳояш, барпо намудааст.

Аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рашт, нисбати ҳуқуқвайронкунанда Фақеров Р.Ҳ. барои риоя накардани қисми 2-и моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Фақеров Р.Ҳ.  дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда иброз намуд, ки дар ҳақиқат ӯ рӯзи 01 феврали соли 2020 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рашт, Ҷамоати деҳоти Ҳоит, деҳаи Ҳоит, маъраки қабл аз маросими туйи арусии духтараш Фақерова Олуфтахон дар намуди сарупобинон, бо оростани дастархон ва даъвати 34 нафар хешу табор ва ҳамсояҳояш, барпо намудааст. Ӯ намедонистааст, ки Қонуни Ҷумҳирии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъракаи сарупобинон, барпо намуданро  манъ кардааст.

Аз амали зидиҳуқуқиаш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намудаст, ки нисбаташ ҷазои сабуктар таъин карда шавад, зеро ягона манбаи даромадаш ин маоши омузгориаш будаст.

Шоҳид Маҳмадов Умарали Ахмедович дар маҷлиси суди чунин баён намуд, ки ӯ бо Фақеров Р.Ҳ. қудо буда рӯзи 01.02.2020 сол сару либоси арусии келинашро гирифта ба ҳамроҳи оила ва духтараш ба хонаи Фақеров Р.Ҳ. рафта ҳангоми супоридани сару либоси аруси Фақеров Р.Ҳ. маъракаи сарупобинони духтарашро барпо намуда ва дигар хешутаборашро даъват кардааст. Тахминан 34 нафар хешутаборонаш ва ҳамсоягонашон  дар сарупобинони аруси иштирок намудаанд.

Ғайр аз худиқроршавии ҳуқуқвайронкунанда Фақеров Р.Ҳ.  гуноҳи ӯ боз бо қарори оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 17.02.2020 сол, 6 адад аксҳо, як адад фитаи «DVD», ки дар он барпо намудани маъракаи сарупобинони духтараш сабт карда шудааст аз нишондоди шоҳидон дар мурофиаи судӣ  исботи комили худро ёфт.

Тавре дар мурофиаи суди муайян карда шуд, ҳуқуқвайронкунанда Фақеров Раҳматулло Ҳокимович рӯзи 01 феврали соли 2020 қабл аз маросими туйи арусии духтараш Фақерова Олуфтахон ғайри қонунӣ маъракаи сарупобинонро бо оростани дастархон ва даъвати 34 нафар хешу табор ва ҳамсояҳояш, барпо намудааст.

Тибқи талаботи моддаи 10 қисми 2-и   Қонуни Ҷумҳирии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили  маъракаи сарупобинон,  манъ карда шудааст.

Аз маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баёнотҳои шоҳидон аксҳо ва сабти фиттаи дар қабати парванда ҷойдошта бармеояд, ки Фақеров Р.Ҳ.  маъракаи сарупобинони духтараш Фақерова Олуфтахонро, барпо намудааст.

Дар ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Фақеров Р.Ҳ.  риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дида мешавад, бинобар ин кирдори ӯ бо моддаи 481 қисми 1-и  КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда мешавад.

Судя ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба Фақеров Р.Ҳ.  хусусиятҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсиятӣ гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба инобат гирифт.

Тибқи талаботи моддаи 49 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маьмурӣ нисбати Фақеров Р.Ҳ.  бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз кирдори содир кардааш сидқан  пушаймон шуданро, ба инобат гирифт.

Тибқи талаботи моддаи 50 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷавобгарии маьмурӣ  дар кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Фақеров Р.Ҳ.  дида  намешавад.

Раводиди моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазо дар намуди ҷаримаи  маъмурӣ пешбини намудааст.

Судя маводҳои парвандаи мазкурро санҷида ба ҳолати воқеъии кор баҳои ҳуқуқӣ дода, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ва сабабҳои содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мавриди муҳокима қарор дода, ба хулоса омад, ки нисбати ҳуқуқвайронкунанда Фақеров Р.Ҳ.  дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ таъйин намояд.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 53, 140-143 ва 150 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя

 

                                                          Қ А Р О Р       К А Р Д:

 

Фақеров Раҳматулло Ҳокимович  дар содир намудани ҳуқуквайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.

Ба Фақеров Раҳматулло Ҳокимович  бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5800 (панҷҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шавад.

Далели шайъи як адад фиттаи  «DVD», ки дар он маъраки сарупобинон сабт карда шудааст бо маводҳои парванда ҳамроҳ нигоҳ дошта шавад.

Нисбати қарори мазкур дар муддати даҳ  шабонарӯз тавасути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оиди ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.

 

 

 

 

Раисикунанда                                                                    Баротзода Ҳ.Н.                                                                

                                                             

                  Раиси суди ноҳияи Рашт                                                  Баротзода Ҳ.Н.