Ҳаёт бе хушунат зебост
Омори судӣ нишон медиҳад, ки дар ҷомеа хушунат торафт зиёд мешавад. Ба андешаи ҷомеашиносон, ин ки шикоят аз хушунат сол то сол афзоиш меёбад, маъмулан ду сабаб дорад: фарҳанги оиладорӣ суст шудааст ва ё ҳамакнун мардум аз хушунат бисёртар овоз баланд мекунанд.
Маърифати оиладорӣ суст аст?
Дар бораи гирифторшавии занон ба хушунат коршиносон ва таҳлилгарон як қатор сабабҳоро пеш меоранд. Гуфта мешавад, ки омода набудан ба зиндагии мустақилона, паст будани маърифати оиладорӣ, ноогоҳӣ аз нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, камтаҳаммулӣ аз омилҳои маъмулии гирифторшавӣ ба хушунат аст, ки коста шудани маърифати оиладорӣ аз омилҳои авҷи ин зуҳурот ба ҳисоб меравад. Якдигарнофаҳмӣ, набудани эҳтиром байни зану шавҳар, дахолати дигар аъзои оила, аз ҷиҳати иқтисодӣ тобеъ будани зан ба шавҳар, бекорӣ ва камбизоатӣ низ сабабҳои асосии пайдоиши зӯроварӣ дар оила шуда метавонад. Дар бораи зиёд шудани хушунат таҳлилгарон як сабаби дигарро низ ном мегиранд. Гуфта мешавад, ки ҳамакнун занон дар қиёс ба солҳои гузашта аз хушунат бештар садо баланд мекунанд. Зеро зани тоҷик нисбат ба солҳои пеш хеле тағйир ёфтааст: ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам аз лиҳози фаҳмиш. Ҳоло занон бештар ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунанд ва дар муқобили хушунат хомӯш намеистанд. Мушоҳидаҳо низ нишон медиҳанд, ки воқеан саводи ҳуқуқии занон нисбат ба солҳои пеш баланд шудааст ва акнун намояндагони ин қишри ҷомеа аз ҳуқуқҳои худ бештар дифоъ мекунанд. Агар пештар аксарият муроҷиатро аз хушунат айб медонистанд, ин фаҳмиш торафт аз байн меравад. Ҳамакнун аксарият дарк намудаанд, ки сабр дар муқобили хушунат пайомади хуш надорад.
Раиси суди н.Рашт Салимзода М.Д.
Суди ноҳияи Рашт 