Ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ марбут ба омӯзиш ва таҳлили қонунгузории дигар кишварҳо баргузор гардид.

30 июли соли 2018 ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ марбут ба омӯзиш ва таҳлили қонунгузории дигар кишварҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилооти судӣ” ва минбаъд бо ҳамин мазмун таҳияи намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Иштирокчиёни ҷаласа қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Гурҷистонро мавриди омӯзиш ва муҳокимаронӣ қарор доданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби гуруҳи корӣ нақша-чорабиниҳо тасдиқ гардида, бо мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилооти судӣ” ва ворид намудани он ба Барномаи “Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2023” фикру мулоҳизаҳо изҳор карда шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа аз ҷониби мушовири Лоиҳаи “Дастрасӣ ба иттилооти судӣ” Тоҳиров С. дар бораи таҷрибаи дигар давлатҳо вобаста ба амалишавии қонунгузорӣ дар бораи дастрасӣ ба иттилооти судӣ андешаҳои худро пешниҳод намуд.

Лоиҳаи Барномаи рушди СММ “Дастрасӣ ба иттилооти судӣ” дар доираи Барномаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ” дар ҳамкорӣ бо Суди Олӣ амалӣ мегардад.