Бемасъулиятӣ нисбат ба таълими фарзанди ноболиғ боиси ҷавобгарии падар гардид.

Бо қарори суди ноҳияи Рашт аз 19.01.2026 сол шаҳрванд П.Ш.В барои он бо моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 750 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ӯ ҳамчун падар талаботи моддаи 15 сархати 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро дағалона вайрон намуда, нисбати таълими фарзанди ноболиғаш Қ.М.В. хонандаи синфи 9 МТМУ №69-и ноҳияи Рашт бемасъулиятӣ зоҳир намудааст, ки дар натиҷа хонанда Қ.М.В. аз ин бемасъулиятӣ истифода бурда, дар давоми чоряки дуюми соли таҳсили 2025 бе сабабҳои узурнок 60 соат ба дарсҳо ҳозир нашудааст.

Санксияи моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне айни замон аз 780 то 936 сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки ин барои падарону модарон дар шароити куҳистон маблағи калон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, падарону модаронро зарур аст, ки фарзандонро дар руҳияи илмомӯзӣ, ватандӯстӣ, инсондустӣ ва поксириштӣ тарбия намуда, нагузоранд, ки онҳо ба оворагардӣ, бекорӣ ва харобкорӣ машғул шаванд, ки оқибат боиси зарари маънавӣ ва молиявии онҳо гардад.

Мақсад аз чоп намудани ин мақола пешгирии дигар қонунвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад, ки аз ҷониби ноболиғон содир карда мешаванд ва дар натиҷа падару модарони онҳо, омӯзгонрон ва дигар васию парасторон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷазо мегиранд. Бинобар ин, сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ мумкин аст, дар оянда дигар падарону модарон ин рафторҳоро такрор намоянд ва шояд ноболиғон аз ин бемасъулиятӣ ва беназоратӣ истифода бурда, ба дарсҳо ҳозир нашаванд ва дар кӯчаю дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ даст ба корҳои мамнуъ ва зишт зананд.

Бинобар ин, падару модарон, нозирони минтақавӣ ва кор бо ноболиғон, инчунин масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умум ва дигар хонаю ташкилотҳоро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошанд, бетарафиро пеша накунанд ва назорату корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам, ҷоннок намоянд.

 

Раиси суди

ноҳияи Рашт                                                                  Салимзода М.Д.