ЧАРО ОҚИЛ КУНАД КОРЕ…

ЧАРО ОҚИЛ КУНАД КОРЕ…

         “Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст, мефармояд паямбари акрам. Агар дар ҳақиқат мо ватани худро дӯст дорем, пас муваззаф  ҳастем, ки оромию осудагии он мароми ҳамешагиамон бошад. Пайваста пайи он талош кунем, ки Ватан обод бошаду сокинони вай саодатманд. Барои амалӣ гардидани ин армонҳои наҷиб пеш аз ҳама зарур аст, ки қонунҳои амалкунандаи кишварамонро эҳтиром намоем ва риоя кунем. Риояи қонун барои низоми рушди кишвар созгор буда, метавонад ҳар гуна ҷиноётро пешгирӣ кунад. Дар баробари ин бояд сокинони ноҳияамон хуб огоҳ бошанд, ки надонистани қонун  вайронкунандаи онро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

Барои ин дар ҳудуди ҳама шаҳраку деҳаҳои ноҳия лозим аст, ки гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби мақомоти худидораи маҳаллӣ корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ монанд, то сокинони диёрамон аз муҳтавои қонунҳо ва санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ хуб огоҳӣ дошта бошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ” яке аз қонунҳои муҳиме мебошад, ки донистани  он аз манфиат холӣ нест ва бояд сокинони мамлакат аз мазмуну муҳтавои он хуб огоҳ бошанд. Пӯшида нест, ки бо сабаби надонистани қонуни мазкур даҳҳо шаҳрванд ба ҷиноят даст задаанд ва боиси ба ҷавобгарӣ кашидани эшон шудааст. Чанде пеш шоҳиди чунин ҳодиса будам.

Судяи суди ноҳияи Рашт Холиқзода А.А. дар маҷлиси кушодаи судӣ дар бинои суди ноҳия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда А., соли таваллудаш 1982, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Рашт, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бекор, оиладор, соҳиби панҷ фарзанд дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 4742 қисми яки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баррасӣ намуд.

Муайян шуд, ки ҳуқуқвайронкунанда А. аз моҳи августи соли 2022 то охири моҳи январи соли 2023 бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ”  амал намуда, беиҷозати мақомоти дахлдор аз китоби “Қоидаи бағдодӣ” дар манзили истиқоматиаш ба додани таълимоти ғайриқонунии динӣ ба ноболиғон, ки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, машғул шудааст.

Барои ин кирдори зиддиҳуқуқиаш ӯро кормандони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои  Рашт барои риоя накардани қонуни мутазаккира ба моддаи дар боло зикраш рафта парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ оғоз карданд.

Ҳуқуқвайронкунанда А. Дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, гуфт, ки аз сабаби надонистани қонуни амалкунанда беиҷозати мақомотҳои дахлдор ба ноболиғони ҳамдеҳаам таълими динӣ додам.

Мавсуф зани хонанишин буда, дар ҷое кор намекунад ва ба тарбияи фарзандони худ машғул аст ва оилааш аз тарафи Ҷамоати деҳот ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст.

Ӯ аз аз кори кардаи худ пушаймон буда, аз суд дархост кардааст, ки барояш ҷазои сабуктар таъин кунад.

Судя ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба шаҳрванд А. хусусиятҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳкор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба инобат гирифт.

Тибқи талаботи моддаи 49 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикитстон, ҳамчун ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба шаҳрванд А. бори аввал содир намудани ҷавобгарии маъмурӣ, аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймон шуда, 4 фарзанди ноболиғ доштанро ба инобат гирифт.

Тибқи талаботи моддаи 50 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ дар кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда А. дида намешавад.

Ҳамаи ҳолатҳои кор, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда А. ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ва сабабҳои содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мавриди муҳокима қарор дода, судя ба хулоса омад, ки ҳуқуқвайронкунанда онро бори аввал содир намуда, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, дар тарбияаш чор фарзанди ноболиғ дошта, оилааш яке аз оилаҳои камбизоати деҳа ба ҳисоб рафта, муваққатан бекор буда, шароити зиндагиаш дар ҳолати вазнини моддӣ қарор дошта…, аз ҷазои маъмурии ҳадди ақали пешбинӣ намудаи моддаи 4742 қисми яки КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастрасии моддаи 48 қисми 5 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ ҷаримаи маъмурии пасттар таъин карданро мувофиқи мақсад шуморид.

Ҳамин тариқ, нисбати ҳуқуқвайронкунанда А. бо моддаи 4742 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии қисми 5-и моддаи 48 Кодекси мазкур ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 37 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 2516 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Қарори мазкурро мутолиа мекардаму пайи он андеша рафтам, ки барои пешгирии чунин қонунвайронкуниҳо ҳамаи мо, онҳое, ки метавонанд ба сокинони ноҳия муҳтавои қонунҳоро бирасонанд, бояд вазифадор бошанд.  Агар шаҳрванд А. аз қонуни мазкур огоҳӣ медошт, ҳар оина ба чунин кирдор даст намезаду баъд пушаймон намешуд. Панди бузургеро пилтаи гӯш мекард:

Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?!!