Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт боиси ҷазои маъмурӣ гардид.
Бо қарори судяи суди ноҳияи Рашт аз 24.02.2026 сол шаҳрванд У.Д.В. барои он бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300(сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 23400(бисту се ҳазору чорсад) сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5(панҷ) сол таъин карда шуд, ки ў санаи 15.02.2026 сол тахминан соати 10-00 дақиқа, дар ҳолати мастӣ сари чамбараки автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» рақами қайди давлатиаш 62-58ВВ 08 нишаста, онро идора намудааст. Ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Новобод ба самти шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аз ҷониби кормандони ГБДА ШВКД-и шаҳраки Новобод ҳолати мастиаш ошкор карда шудааст.
Қарори мазкур, дар қисми ҷаримаи маъмурӣ ба тариқи маҷбурӣ ба иҷро расонида шуда, шаҳодатномаи ронандагии У.Д.В. бо талони қайди ҳуқуқвайронкуниаш баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори мазкур барои иҷроиш ба ШББИ ШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт равон карда шуд.
Бинобар ин, ҳар як ронандаро зарур аст, ки баъди нӯшидани машруботи спиртӣ ва дигар воситаҳои мадҳушкунанда аз идора намудани воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд, то ин ки ба ҳаёт ва саломатии худ ва дигарон зарари моддию ҷисмонӣ нарасонанд.
Раиси суди н.Рашт Салимзода М.Д.
Суди ноҳияи Рашт 