КОР НАКАРДАН, НАГИРИФТАНИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА Ё ДАРОМАДИ ДИГАР ШАХСИ АЛИМЕНТДИҲАНДАРО АЗ ПАРДОХТ НАМУДАНИ МАБЛАҒИ АЛИМЕНТ ОЗОД НАМЕКУНАД.

Ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбини намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд.

Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад.

Қасдан, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдо кардаи суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст, боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.

Дар таҷрибаи судии суди ноҳияи Сангвор шахсоне ёфт мешаванд, ки баъди аз ҳамсари худ ҷудо шудан аз нигоҳу бин ва пардохт намудани алимент барои фарзандонашон саркашӣ карда, бо ин васила ҳуқуқу манфиатҳои фарзандонашонро дағалона поймол менамоянд.

Чунончӣ, бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 14 феврали соли 2019 шаҳрванд Рахими Рахмон барои он бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба андозаи 140 соат таъин карда шуд, ки ӯ соли 2011 бо шаҳрванд Носирова Райҳонгул Ғуломовна оила бунёд намуда, ақди никоҳашонро дар ҷамоати деҳоти Тавилдара таҳти №37 расман ба қайд гирифта, аз зиндагии якҷояи зану шавҳариашон соҳиби як нафар фарзанд гардидаанд. Бо сабаби мувофиқ наомадани хислатҳояшон онҳо аз ҳам ҷудо шуда, фарзандашон дар тарбияи модараш Носирова Р.Ғ. мондааст. Аз ин рӯ дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Сангвор аз 04 июли соли 2018 аз ҳисоби Рахими Рахмон ба фоидаи ҷабрдида Носирова Р.Ғ. барои таъминоти як нафар фарзанди ноболиғашон ҳар моҳ ба тариқи устувор ба маблағи 150 сомонӣ то ба синни балоғат расидани кӯдак алимент ситонида шудааст. Аммо Рахими Рахмон ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаки хӯрдсолро дағалона поймол карда, бар хилофи талаботи моддаи 80 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бадқасдона бидуни ягон сабаби узрнок аз иҷрои ҳалномаи суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзанди ноболиғаш муддати 4(чор) моҳ, яъне аз моҳи октябри соли 2018 то инҷониб саркашӣ намуда, ба огоҳиҳои якчандкаратаи иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Сангвор дар хусуси сари вақт пардохт кардани маблағҳои алимент эътибор надодааст, ки дар натиҷа маблағи алименти насупоридаи ӯ 600(шашсад) сомониро ташкил додааст. Дар рафти мурофиаи судӣ Рахими Р. гуноҳашро фаҳмида, маблағи қарзи алиментро ба андозаи 600(шашсад) сомонӣ пурра пардохт намуд.

Бояд хотиррасон намуд, ки тибқи талаботи моддаи 49 қисми 6 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти дар моддаи 177 (Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон)-и Кодекси мазкур, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро(маблағи қарзи алиментро) пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияи моддаи номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад. Яъне агар алиментдиҳанда то баровардани ҳукм маблағи қарзи алиментҳояшро пардохт накунад, нисбати ӯ бояд ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ карда шавад. Аз ин рӯ шаҳрвандонро зарур аст, ки дар пойдор нигоҳ доштани оилаҳои худ масъул бошанд, фикри ҳозира ва ояндаи фарзандонашонро карда нагузоранд, ки онҳо аз меҳри падару модар дар мӯҳити оила маҳрум шаванд. Дар сурати вайрон шудани оила ва аз тарафи суд бо ҳалнома ситонидани алимент бояд онҳо сари вақт маблағҳои алиметро ҳар охири моҳ пардохт намуда, ҳар хел баҳонаҳоро пеш наоранд ва бо ин кирдорҳояшон ҳуқуқу манфиатҳои фарзандонашонро поймол насозанд. Зеро падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

 

Салимзода М.Д.

Раиси суди ноҳияи Сангвор