Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи Модар”

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Рашт маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ”Рӯзи Модар» бо иштироки судя ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Сараввал Раиси суди ноҳия Салимзода М.Д. ҳамаи бонувону модарони коллективро ба “Рӯзи Модар” табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти кориашон муваффақияту бурдбориҳо орзу намуданд. Зимни сухани табрикотӣ қайд карданд, ки модар рамзи меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва гармии хонадон мебошад. Бо шарофати модарон ҷомеа обод, оилаҳо устувор ва зиндагӣ пурнур мегардад. Модар барои ҳар як инсон азизтарин ва меҳрубонтарин мавҷуди рӯи замин ва чароғи рӯшании ҳар як хонадон аст, ки ибтидои ҳар зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Сипас, судяи суд Ализода П.Ш. дар баромади худ қайд карданд, ки муҳаббат ва ғамхории модарон ҳудуд надорад, зеро ба мо ҳаёт мебахшанд, сабру шафқатро меомӯзонанд, арзишҳо ва ҷаҳонбинии моро ташаккул медиҳанд. Минбаъд кормандони дастгоҳи суд низ модарону бонувони коллективро табрик намуда, орзу намуданд, ки дар хонадони онҳо ҳамеша муҳаббат, сулҳ ва баракат ҳукмфармо бошад.

Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи Модар” модарону бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.