МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БИНОИ СУДИ НОҲИЯИ РАШТ

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз, 16 ноябри соли 2020 дар бинои Суди ноҳияи Рашт  бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Суди ноҳияи Рашт Баротзода Ҳусейн Наҷот, судяи суд Холиқзода А.А, кормандони дастгоҳи Суди ноҳия ва машваратчиёни халқӣ иштирок варзиданд.

Дар ҷамъомад раиси суди ноҳия баромад намуда  қайд кард, ки ҳамаи ин дастовардҳои бузурги кишвар бо шарофати абармарди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи тоҷиконро дар саҳифаи таърих ҳамчун миллати сулҳофар бо хатти заррин сабт намуд.

Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд.

Рииси Суди ноҳия дар фарҷоми суханрониаш иштирокчиёнро табрик намуда чунини қайд намуданд.

Бигзор Тоҷикистони азиз таҳти Роҳбарии сарвари хирадманди худ сарсабзу хурам бошад.

Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муборак бод.

Саломату сарбаланд бошед.