Муқовимат бо коррупсия

Коррупсия ё ришвахорӣ мудҳиштарин хатари иҷтимоист, ки ба рушди ҳама гуна самт дар ҷомеа халал ворид месозаду решаи инкишофи он соҳаро аз беху бунаш месӯзонад. Зеро ин падида барои тавлиди ҷиноятҳои нав модари асосӣ маҳсуб ёфта, ҳама гуна ҷинояти хусусияти коррупсионидошта боиси содир шудани ҷинояти нав мегардад.

Падидаи коррупсия таърихи тӯлонӣ дошта, яке аз омилҳои асосии таназзули раванди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар тӯли таърих коршиносон алайҳи омили мазкур бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ бо роҳу усулҳои гуногун, аз ҷумла таҳия, қабул ва тасдиқи қонунҳо, стратегияҳо ва дигар навъҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мубориза бурдаанд. Коррупсия шояд дар ҳар як ҷамъият вуҷуд дошта бошад, вале он дар баъзе давлатҳо ба таври васеъ паҳн гардидааст.

Дар замони ҷаҳонишавӣ он имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки барои дуруст амалӣ гардонидани салоҳияти дилхоҳ мақомоти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон монеаҳои асосиро эҷод менамояд. Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳия ва татбиқи як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунанда аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат мебошад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад.

Равшан аст, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия гардида, дар сатҳи миллию байналмилалӣ қонунгузории худро вобаста ба ин масъала мустаҳкам намудааст.

Қобили зикр аст, ки баҳри мубориза ба ин хатар ҳанӯз 31 октябри соли 2003 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсия қабул карда буд, ки имзои ин санади ҳуқуқӣ мавқеи равшани муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин балои молиявӣ мебошад. Давлати мо 25 сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта, ба узвияти он пазируфта шуд ва шурӯъ аз ҳамон сол муборизаи муташаккилона алайҳи ин зуҳуроти номатлуб дар мамлакат авҷ гирифт. Аз ҷумла, 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” аз нав қабул ва меъёрҳои он ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид мувофиқ гардонида шуданд. Сипас, Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила ва Барномаи зидди коррупсионӣ барои давраи 2021-2025 қабул гардиданд. Инчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамаи ин заминаҳои ҳуқуқӣ барои озодона фаъолият намудан дар ҷомеа ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди коррупсия такони ҷиддӣ бахшиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Чунин як навъ падидаи номатлуб ҳамчун коррупсия дар пешравии ҷомеаи мо яке аз монеаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад”. Маълум аст, ки дар шароити кунунӣ мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии сабабу омилҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин падидаи номатлуб ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати хоса зоҳир намудааст. Бахусус, аз соли 1999-ум шурӯъ карда, кӯшишҳои зиёде дар самти мубориза бар зидди коррупсия андешида шудааст. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои қонунӣ ва сохтории мубориза алайҳи коррупсия ба тадриҷ инкишоф ва такмил меёбад.

Вобаста ба ин, мо бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар ҷараёни он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад ва пеши роҳи коррупсия гирифта шавад. Моро мебояд, ки дар ҳолати вохӯрдан бо чунин аъмоли зишт ба мақомоти дахлдор иттилоъ диҳем. Мубориза бо ришвахорӣ қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа аст.

 

                          Холиқзода АБДУҲАКИМ Абдулваҳоб,

                                                    судяи суди ноҳияи Рашт