ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД” ҲАМЧУН ҚОНУНИ МИЛЛӢ БО МАҚСАДИ ПЕШРАФТИ ОЯНДАИ НАСЛИ НАВРАС ВА МИЛЛАТ ҚАБУЛ ШУДААСТ.

Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тақозои ҷомеа ва замон буда, он барои таълиму тарбияи фарзанди комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.

Дар қонуни маскур пешбинӣ гардидааст, ки дар ҳолати аз тарафи падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд.

Дар таҷрибаи судии суди ноҳияи Сангвор падару модароне ёфт мешаванд, ки талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дағалона вайрон намуда, дар таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ ва беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.

Чунончӣ, бо қарори суди ноҳияи Сангвор аз 09 январи соли 2019 шаҳрванд Ғаниев Пулод Султонович барои он бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3(се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 150 (яксаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ӯ соли 2016 бо шаҳрванд Раҷабова К.Р. оила бунёд намуда, аз зиндагии якҷояи зану шавҳариашон соҳиби 2 нафар фарзанд шудаанд. Фарзанди дуюмашон Фурқат санаи 08 декабри соли 2017 таваллуд шудааст, вале ҳуқуқвайронкунанда Ғаниев П.С. аз худ бемасъулиятӣ нишон дода, бар хилофи талаботи моддаи 8 сархати 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки мутобиқи он падару модар дар тарбияи фарзанд ӯҳдадоранд, ки пас аз таваллуд фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд, амал карда, то ҳол таваллуди фарзандашро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия нагузаронидааст.

Ғайр аз ин, бо қарори суди ноҳияи Сангвор аз 09 январи соли 2019 шаҳрванд Ёғиева Гулизор Рустамовна барои он бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3(се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 150 (яксаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ӯ талаботи моддаи 8 сархати 12-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки мутобиқи он падару модар ӯҳдадоранд, ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд, дағалона вайрон намуда, дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш бемасъулиятӣ зоҳир кардааст, ки дар натиҷа аз ин бемасъулиятӣ фарзандаш Саидов Д. истифода бурда, бо худаш телефони мобилиро ба дарс ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 овардааст.

Бояд тазакур дод, ки таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа буда, падару модар вазифадоранд, ки шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонии фарзандро фароҳам оварданд.

Чунин қонунвайронкуниҳо аз тарафи шаҳрвандон дар соли ҷорӣ зиёд ба чашм мерасад, ки ин ташвишовар аст ва садди роҳи он бояд аз тарафи падару модарон, омӯзгорон ва шахсони масъули ҷомеа гирифта шавад. Дар ҳолати ошкор кардани аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ, инчунин дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бетарафиро пеша накарда, ӯҳдадоранд, ки мақомоти дахлдори давлатиро дар ин хусус огоҳ созанд ва садди роҳи ин намуд ҳуқуқвайронкуниро гиранд.

 

Салимзода М.Д.

Раиси суди ноҳияи Сангвор