ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ТАШАББУСҲОЕ, КИ БА ТОҶИКИСТОН НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДАНД

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи сулҳофарии бемисл бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ даҳчанд баланд бардоштанд. Ин иқдомҳо аз омилҳое гардиданд, ки мавқеи Тоҷикистонро на танҳо дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ, балки фарохтар аз он боло бурда,  ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари тозаистиқлоли моро пешоҳанги ҳалли масоили глобалӣ, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ,  эътирофу қадршиносӣ доранд.

Эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи  байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005 — 2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», ҳамчунин, барои бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо аз ташаббусҳои ҷаҳонии  Тоҷикистон мебошанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омаданд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад.
Ҳукумати мамлакат дар доираи даҳсола ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба об, ки аз проблемаҳои глобалии имрӯзу фардои сайёра маҳсуб меёбад, пайваста талош меварзад. Дар кишвар конфронсу симпозиумҳои зиёди сатҳи баланди ҷаҳонӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баррасии масоили мавҷуда ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастрасӣ ба оби тоза дар пайи иқдомҳои созандаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои муштараки кишварҳо ҷиҳати бартарафсозии ин мушкилӣ тавсеа ёфтанд. Бино ба маълумоти ниҳодҳои соҳавии Созмони Милали     Муттаҳид, то охири даҳсолаи ҷорӣ ҳудуди ду миллиард ва то соли 2030 зиёда аз 40 дарсади аҳолии рӯйи Замин ба мушкили камбуди об дучор хоҳад гардид. Амалигардонии ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ мусоидат мекунад, эътибори ҷаҳонии Тоҷикистонро боз ҳам боло мебарад. Ҳамвора бозтоб ёфтани ин ташаббусҳои беназири  Пешвои миллат дар бобати ҳалли масоили ҷаҳонӣ дар расонаҳои иттилоотии бонуфузтарини дунё ва конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланди байналмилалӣ  аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тасмимҳои Тоҷикистони тозаистиқлол дарак медиҳад,  ки аз мондагортарин хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Раиси суди ноҳияи Рашт

 Ҳусейн Баротзода