СУД ҲУКМ КАРД

Борҳо исбот шудааст, ки мастӣ инсонро ба пастӣ мебарад. Аммо ҳангоми сархушӣ ашхоси майнӯшида фаромӯш мекунанд, ки оқибати ҳар кори анҷомдодашуда инсонро ба пушаймонӣ мерасонад.

Тавре, Абдуҳаким Холиқзода, судяи суди ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, суди ноҳия чанде пеш шаҳрванд Н.-ро маҳкум кард.

Ба гуфтаи ӯ, мавсуф ба воситаи нақлёти тамғаи ДЭУ-Лиганзе, ба тарабхонаи Нурафзо, воқеъ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Ғарм рафта, дар тарабхонаи мазкур нӯшокии спирти навъи арақ ба миқдори 150 грамм истеъмол намуда, боз ба сари чамбараки нақлиёташ нишаста, ба самти кӯчаи Айнӣ ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори манзили истиқоматии сокини кӯчаи мазкур шаҳрванд Ш. бархӯрда,  дар натиҷа ба воситаи нақлиёташ зарари техникӣ расондааст.

Дар он вақт кормандони ШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, ӯро ба Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рашт бурда, аз муоинаи тиббӣ гузаронданд.

Пас аз муоина кардани духтурон ҳолати мастиаш  тасдиқ шудааст, ки  аз ин сабаб кормандони ШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт нисбаташ барои ин кирдораш тибқи талаботи моддаҳои 332 ва 333, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд.

Ёдовар мешавем, ки раводиди моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмуриро дар намуди ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ менамояд.

Раводиди моддаи 333, қисми 1-и кодекси мазкур низ ҷазои маъмуриро дар намуди ҷарима ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз се то шаш моҳ пешбинӣ менамояд.

Суди ноҳия ҳамаи ҳолатҳои воқеии кор, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда  Н., ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ва сабабҳои содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мавриди муҳокима қарор дода, ба хулоса омад, ки ба ин ронандаи майзада ҷазои ҳабси маъмурӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт таъин намояд.

Дар натиҷа мавсуф дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 332 ва 331, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста  шуда, ба ӯ аз тарафи суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ва бо маҳрум  кардан аз ҳуқуқи  идораи  воситаҳои  нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъин карда шуд…

Чунин ҳолат дар ноҳия чандин бор аст, ки рух медиҳад. Дар ҳолати мастӣ идора кардани нақлиёт ба ҷони худу ба ҷони дигарон хатар эҷод кардан аст. Бинобар ин, бояд ҳар нафаре, ки масъулияти ронандагиро ба уҳда дорад, бояд аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намояд.