ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — БАҚОИ МИЛЛАТ

Зери ин унвон 6 апрели соли равон, дар толори кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода суҳбати самимии раиси кумитаи иҷроияи  Ҳаракати Ваҳдати  миллӣ  ва  эҳёи  Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва ҳайати Шурои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аз қабили муовини вазири маориф ва илм Л. Назирӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи итимоии аҳолӣ Л. Абдусамадзода, муовини раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзозода ва муовини раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоиҷкистон З. Абдураҳмонзода бо аҳли ҷамоатчинӯгии ноҳия баргузор гардид.

Раҳимҷон Муқимӣ ҳамоишро кушода, аҳли толорро хайрамқдам гуфт ва дар хусуси дастовардҳои беназири даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки туфайли заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон ва бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд ибрози андеша кард. Аз ҷумла зикр кард, ки ба туфайли меъмори ин раванди тақдирсоз, шахсияти таърихӣ ва нобиғаи замон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суботу ягонагии комил дар кишвар гиромӣ дошта шуда, самараву меваи шаҳдбори он насиби халқи биҳиштосоямон гардидааст.

Раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар навбати худ қайд кард, ки Ваҳдати миллӣ дар воқеъ таҳкурсии истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, он маҳсули хиради волои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аъзои Шӯро Л. Назирӣ, Л. Абдусамадзода, А. Мирзозода ва З. Абдураҳмонзода ҳар кадоме дар навбати худ дар хусуси дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, баракати сулҳу субот ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротию тундгаро ба тафсил ҳарф заданад.

Дар фароварди чорабинӣ аз байни аҳли нишаст Садод Мираков, Абурайҳон Садриддинзода, Замира Давлатова, Зафар Зокирзода ва боз чанде дигарон ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки мо сокинони ноҳияи Рашт сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро сидқан дастгирӣ намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм азиз медорем.